Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Касоне нимашаб дар гўрҳои тоза дандони тилои мурдагон Мешикастаанд.
Ман аммо ҳеҷ касро дар шабе торику тўфонӣ накуштаам, Ман аммо роҳро бар марди рибоҷўй набастаам, Ман аммо нимаҳои шаб зи боме бар сари боме наҷастаам.
Дар ин ҷо чаҳор зиндон аст Ба ҳар зиндон дучандон нақб ва дар ҳар нақб чандин ҳуҷра…
Дар ин занҷириён ҳастанд мардоне, ки дар руъёшон ҳар шаб Зане аз ваҳшати марг аз ҷигар бар мекашад фарёд…

Бигзарем аз он ки 19 сатри ба тақозои вазну мазмуну шиддати эҳсос офаридаи шоири дақиқкорро ба 33 сатри шикаставу нотамому дарҳам-барҳам расондаанд, ибораи «нонфурўши сахт дандонгирд» маънӣ надорад, сухан аз ибораи рехтаи «сахтдандон, дандонсахт, дандон сахт кардан» меравад, ки ба маънои хашм гирифтану ғазаб кардан истифода мешавад ва мисраъ бояд чунин навишта мешуд: «Нони фарзандони худро бар сари барзан ба хуни нонфурўши сахтдандон гирд оғуштаст»; саҳеҳи дигар вожаву ибораҳои ишорашуда мутаносибан чунин аст: буҳтоне, куштаст, оғуштаст, нишастанд, ҷастанд, мешикастанд, накуштам, роҳ бар марди рибохоре набастам, наҷастам, нақбу дар ҳар нақб, руъёяшон, бармекашад (ҳамон китоб, саҳ. 92–93).
Гумон мекунӣ, ки аксари ашъорро таҳрир намудаанд, вагарна чаро «ҷараёне» (ینایرج)-ро «ҷараёни» (نایرج) менависанду «фосилаи» (ةلصاف)-ро «фосилае» (ی هلصاف)?
Бигирем, ки сатри зебои «Дар тиҳӣ миёни ду танҳоӣ» ( رد یاهنت ود نایم یهت)-ро дарк накардаву ба шакли номақбули «Дар тиҳӣ миён, дар танҳоӣ» ( رد،نایم یهت رد یاهنت) овардаанд, «Ва»-и изофа дар сатри поёнӣ ва «са-

пешина
аз 323
навбатӣ