Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Гар бад-ин сон зист бояд паст, Ман чи бешармам, агар фонўси умрамро ба расвоӣ наёвезам Бар баланди коҷи хушки кўчаи бунбаст.

Гар бад-ин сон зист бояд пок Ман чи нопокам, агар наншонам аз имони худ чун кўҳ Ёдгоре ҷовидона бар тарози бебақои хок!
(Аз нигоҳи банда дар ин шеър беш аз «тароз» «фароз»
барҷо менамояд).
Эҷодкорӣ ва фазлтарошии баргардонандагони матн ҳудуд надорад. Масалан, Шомлу дар шеъри «Кайфар» вожаи маъмулу зебои «чор»-ро, ки аз Мавлавӣ то Шоҳин ҳазор сол истифода бурдаанд, ду маротиба корбаст мекунад («Дар ин ҷо чор зиндон аст…», ҳамон китоб, саҳ. 92– 93), вале бознависони ҳуруфи русӣ, шояд онро авомона пиндоштаю ор карда, ҳар ду бор ҳам «чаҳор» менависанд, ғофил аз он ки бо ин амали нобарҷо вазну мусиқии шеърро барҳам задаанд. Давоми шеъри мазкур ҳам аз харобкорӣ эмин намондааст:

Аз ин занҷириён як тан занашро Дар таби торики буҳтонӣ ба зарби дашнае куштааст.
Аз ин мардон яке дар зуҳри тобистони сўзон Нони фарзандони худро бар сари барзан ба хуни нонфурўши сахт дандонгирд Оғўшта аст.
Аз инон чанд кас дар хилвати як рўзи боронрез бар роҳи рибохоре Нишастаанд
Касоне дар сукути кўча аз девори кўтоҳе ба рўйи бом ҷастаанд.

пешина
аз 323
навбатӣ