МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Мушобеҳи ҳамин ҳолат «сарой» (یارس)-ро «сарое»
(یارس), «бар» (رب)-ро «бари», «гиребонаш» (شنابیرگ)-ро «гиребон-ш», «з-он» (نآز)-ро «зи он», «фотиҳа» (هحتاف)- ро «фотеҳа» (تافهحی) хонда, авзону баёни равонро норавону печон кардаанд.
Моро ба рахту чўби шубонӣ фирефта аст
Ин гург, ки солҳост, ки бо гала ошност.
Асолати байти боло ҳам бидуни муроҷиат ба асл (девони мазкур, саҳ. 79) барқарор нашуд:
Моро ба рахту чўби шубонӣ фирефта-ст,
Ин гург солҳост, ки бо галла ошност.
Ҳатто ба рўбардори шеър бояд касе машғул бишавад, ки алифбои онро бидонад ва ақаллан аз намунаҳои хубу машҳураш огоҳ бошад, то ки сатри машҳури Бобо Тоҳирро чунин бемаънову ногўё бознавис накунад: «Чӣ хуш бемеҳрбунӣ аз ду сар бӣ» (ба ҷойи «Чи хуш бӣ, меҳрбунӣ аз ду сар бӣ».) Ба шеъри кўтоҳу машҳури Аҳмади Шомлу «Будан»
мутаваҷҷеҳ бошед:
Гар бад-инсон зист бояд паст, Ман чӣ бешармам, агар фонуси умрамро ба расвоӣ наёвезам Бар баландии коҷи кучаи бунбаст.
Гар бад-инсон зист бояд пок
Ман чӣ нопокам, агар наншонам аз имони худ чун кўҳ
Ёдгории ҷовидона бар тарози бебақоии хок.
Саҳеҳи онро танҳо аз ҳуруфи асл («Аҳмади Шомлу.
Шеърҳои баргузида», Теҳрон, интишороти «Нигоҳ», 1368,
саҳ. 71) метавонем бихонем:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо