Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

зебову бисёр мутаносибмаъноеро хароб кардан (саҳ. 85) ва байти лоиқеро аз ин ғазал ҳазф намудан.
Банда назарияи матншиносиро намедонад, лекин бар он аст, ки яке аз вазифаҳои таҳиягарони осори шоирони классикӣ ё муосири ҳамзабон барои умум бояд ба тақозои вазну қофия, мантиқу таносуб ва дигар унсурҳои сухани солиму дилрас манзур намудани он бошад, на ба таври механикӣ ва «кўр-кўрона» рўбардор кардани матнҳои пурбаҳо. Вале мутолиаи китоб таассуроте бармеангезад, ки онҳо аслан ба мантиқу маъно наандешидаанд ва танҳо сурати матнҳоро тираву хира нусхабардорӣ кардаанд. Ва агар ислоҳи баъзе аз ин «эҷодкорӣ»-ҳои нозарур ба андеша даст бидиҳад, дарки бештарашон бе муроҷиат ба асли асар (ба хати форсӣ) имконнопазир аст.

Бо он ки мо ҷафои бутон бештар барем,
Муштоқи рўйи туст ҳар он кас, ки хў бар ўст.

Натанҳо дурӣ аз таносубу мантиқу назокати шеър, балки надонистани қоидаҳои имлову шаклҳои ифодаи алифбои форсӣ баргардонкунандагонро фирефтаи шабоҳати навишт карда, «хубрўст» (تسوربوخ)-ро ба «хў ба рўст» (تسوربوخ- تسور هب وخ) табдил додааст. Ва агар дар ин байт тавассути калимаҳои калидии «бутон» ва «рў»
дарки асли ҳол муяссар бишавад, дар мавриди зерин мушкил амиқтар аст ва хонандаро хеле азоб медиҳад:

Агар Фалотуну Суқрот будаанд бузург,
Бузург буда парастори хиради эшон.

Ночор ба «Девони Парвини Эътисомӣ» (Теҳрон, 1363, саҳ. 87) рў меорем, то парда аз рўйи ин кор бардошта шавад. «Бузург буда парастори хурдии эшон» – мехонем ва маҳви хирадмандии навин мешавем, ки «хурд» (درخ)-ро «хирад» (درخ) пиндоштаву нигоштаанд.

пешина
аз 323
навбатӣ