МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Дар Аврупо Осиёро луқмае пиндоштанд,
Ҳар як андар хўрданаш чигилҳо бардоштанд.
Дар ин байти то абад воқеии Ишқӣ, чун дар саросари китоб, дар ин шакл навиштани Урупо (اپوروا) вазнро хароб кардааст (саволе барҷо будагист, ки кадом эронӣ, боз дар шеър, Аврупо гуфтааст?). Яқин аст, ки котибон натанҳо аз вазн огоҳ нестанд, балки бо мазмун ҳам сари ёрӣ надоранд.
Вагарна вожаи «луқма» ба саҳеҳи «чигил» (?) ишора дорад, ки «чангол» аст. «Чангол – панҷаи дасти инсон, панҷаи даррандагону парандагон, ки чангул ва чангала ҳам гуфта шуда; олати фулузии чаҳоршоха ба андозаи қошуқ, ки бо он хўрок мехўранд» («Фарҳанги Амид», Муассисаи интишороти «Амири Кабир», Теҳрон, 1375, саҳ. 545).
Зоҳирхонӣ то ҳадде рафта, ки «шамъ» (عمش)-ро «шимш» (شمش), «таваққуф» (فقوت)-ро «тавқиф», «хун»
(نوخ)-ро «чун» (نوچ), «абад» (دبا)-ро «адаб» (بدا), «мурда морон» (نارام هدرم)-ро «мурдаи морон» ( ةدرم نارام), «ёд оварӣ» (یروآدای)-ро «ёдоварӣ» (یروادای), «шиква» (هوکش)-ро «шукўҳ» (هوکش), «маҳ» (هم)-ро «меҳ»
(هم), «ҷаҳонсўзӣ» (یزوسناهج)-ро «ҷаҳонсўзе»
(یزوسناهج), «дандона» (هنادند)-ро «данда» (هدند), «пўзиш» (شزوپ)-ро «пўзаш», «мафсил» (لصفم)-ро «мафсал», «уқубате ҷонфарсой» (یاسرفناج یتبوقع)-ро «уқубате ҷонфарсое», «мутаассир» (رثًاتم)-ро «муаттассир», «нозукорой» (یاراکزان)-ро «нозук, оре»
(یرآ،کزان), «медиҳӣ» (یهدیم- یهد یم)-ро «май диҳӣ»
(یهدیم- یهد یم) пиндоштаву навиштаанд.
Гирифтем, ки ашъори баъзе аз шоирони маҷмўа шояд ба масъулони хати кирилии он ноошност, вале шеърҳои дар он омадаи устод Лоҳутӣ бояд ҳанўз аз китобҳои мактабӣ ба эшон шинос бошад ва роҳ додан ба ғалатҳои авомона дар баргардони онҳо нобахшиданист. Бахусус, фирефтаи шабоҳати «ёр» (رای) ва «бор» (راب) шуда, байти

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо