МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Ё худ, аз шеъри беунвони зерин, ки дар девони мазкур (саҳ. 259) бо номи «Паёми озодӣ» омадааст, ин байт афтода:
Ватанфурўшӣ ирсист, ин аҷаб набувад,
Чаро ки Одам аз аввал ватанфурўш омад.
Дар шеъри «Нолаи мурғи асир», ки низ пурғалат рўбардор шудааст, байте ҳаст:
Хонае, к-ў шавад аз дасти аҷноб обод,
З-ашк вайрон кунаш он хона, ки байтулҳазан аст
ва «аҷноб» ташреҳ ёфтааст, ки «ҷамъи аҷнабӣ», «бегонагон». Вале чун дар луғот калимаи мазкур ба ин маънӣ намеояд, такя ба девони шоир (саҳ. 283) поядортар мебуд, ки онро дар шакли маъмулу дилхоҳ ва дархўрди вазни байт – «аҷониб» овардааст.
Калимаи серистеъмоли «таъбид» фаровон ба шакли «табъйид» рўнавис шуда, вазни бисёр сатрҳоро хароб кардааст.
Дар баҳорон гули ин боғ зи ғам во нашуд,
Ғунча то фасли хазон бо дил танг аст ин ҷо.
Касе, ки кори масъули баргардони китоби ашъори ноберо бар дўш гирифта, надонад, ки «нашуд» бе «вов» навишта мешавад ва дархўрди вазну маънои ин байт калимаи «нашавад» аст, чӣ ҷойи гила аз сарфи назар карданаш аз ифодаи машҳури шеъри тоҷику форс – «дили танг»?
«Қудсиён мадраса аз ҳотифӣ гўшам шунуфт…» –
Манзури шоир муроҷиат аст, яъне, «Қудсиёни мадраса, аз ҳотифе гўшам шунуфт…», ки на «Субҳдам аз арш меомад сурўши ақлу гуфт…», чунон ки рўбардор шуда, балки «Субҳдам аз арш меомад сурўше, ақл гуфт…».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо