Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Инқилоби адабӣ маҳкум шуд,
Форсӣ бо арабӣ тавъам шуд…
Ҳама гўянд, ки ман устодам,
Дар сухан доди таҷаддуд дорам…

Ё сатрҳои шеъри машҳури «Қалби модар»-ро, ки як умр аст дар китобҳои дарсии мактабҳои мо ҷойи сазовор дораду аксаран азёдаш медонанд, метавон ба ин шакли номақбулу номавзуну мағшуш баргардонд?

Модари сангдилат то зиндаст,
Шаҳд дар коми ман ва туст шаранг…

Тасаввуроте ҳосил мешавад, ки масъулини ин кор танҳо зоҳири ҳуруфи форсиро медонанд ва натанҳо аз вазну қофия ва дигар рукнҳои шеър, балки аз маънову муҳтаво ва барҷоиву нобарҷоии калимаву ибораҳо ғофиланд.
Агар не, «бувад»-ро «буд», «бимирад»-ро «бимурд», «Урупо»-ро «Аврупо», «одамӣ»-ро «одаме», «ашрафӣ»-ро «ашрофе» рўбардор намуда, бар вазну маъноҳои аёну равони ашъори машҳур латма намезаданд.
Шеъри машҳури Алиакбари Деҳхудо «Ёд ор зи шамъи мурда, ёд ор» чунон хато рўбардор шудааст, ки тақрибан мисрае обод намонда ва ягона илоҷи раҳоӣ аз ин бероҳӣ аз хати асл хондани он асту бас.
Дар бораи ашъори Орифи Қазвинӣ низ метавон ҳаминро гуфт. Бо тафовуте, ки ҷуз харобии вазну қофияву маъно байтҳои зебое аз онҳо сарфи назар гардидаанд. Масалан, нисфи шеъри «Ишқи ватан» (дар «Девони Орифи Қазвинӣ», Теҳрон, 1381, саҳ. 278, 14 байт дорад) ҳазф шуда, ки дар он миён байти амиқмаънову зебои зерин (бо вуҷуди сактаи каммаҳсусе) низ ҳаст:

Дар иштибоҳ гузашт умру ман яқин дорам,
Ки он чи беҳ зи яқин аст, иштибоҳи ман аст.

пешина
аз 323
навбатӣ