Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Бигзар ба шитоб андар аз рўди Самова,
Дар дидаи ман бингарад дарёчаи Сова…

Аён аст, ки «бингарад» бояд «бингар» бошад, вале ку суханрасие, ки онро ҳамшаклу ҳамвазни «бигзар» бисозаду бо ин ноошнотабъӣ вазну ифодаи шеърро хароб накунад?
Ё дар сатрҳои зерин, ки ноогоҳии баргардонкунандагони матн аз вожаи «дайёр» боз ҳам боиси заъфи вазну мазмун шудааст:

Моем, ки аз дарё амвоҷ гирифтем,
Ва-ндеша накардем зи тўфону зи диёр.

Оре, «дайёр» камистеъмолу ноошност, вале «Суҳо» чӣ, ки ба ҳар каси бешу кам аз шеър огоҳ борҳо дучор шуда, ҷуз масъулони нашри ин маҷмўа, ки чунинаш овардаанд:
«Шамси равшан бари рўяш чу сиҳо мебинам…». Гумон меравад, ки эшон аслан аз баёни рўшану зебои шеъри ҳазорсолаи тоҷику форс хабар надоранд, вагарна мисраеро чунин рўбардор намекарданд: «Нодида чунон маст тамошои ту гаштам…».
Тасаввурпазир аст, ки ҳангоми иншо қалами нигоранда гоҳе лағзида, ҳуруфро коставу афзуда метавонад, вале фаҳму фаросати одие мебояд, ки бо такя ба вазну маънӣ рукнҳои шеър хароб нашаванд. Чун дар ин сатри маликушшуаро Баҳор, ки «кас» (سک) шояд дар ҳуруфи асл «касе» (یسک) шуда бошад: «Кист он касе, ки зи бедоди хавос аст халос…». Ин гуна ғалатҳо фаровонанд ва бар он далолат мекунанд, ки таҳияи матн ба алифбои русӣ ноогоҳона, бе андеша ва бидуни дарки ашъор сурат гирифтааст. Вагарна чӣ сон дар шеъри Эраҷ Мирзо «маҳкам» (муҳкам) (مکحم)-ро, ки қофияи «тавъам» аст, метавон «маҳкум»
(کحموم) рўбардор карду «додам» (مداد)-ро, ки ҳамқофияи «устодам», ба шакли «дорам» (مراد) овард?

пешина
аз 323
навбатӣ