Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Он чи мақсуд аз ин саводам буд,
Нафъи халқи Худо муродам буд.

Шоирест ў, ки андешаҳои дидактикиро ҳам на муҷарраду урён, балки зебову образноку дилрас баён мекунад ва дар шеър ифодаҳояш табиию самимӣ, метавон гуфт, мардумию ҳаётианд. Ҳадафи ин навишта низ он аст, ки чунин ашъори дилрасу равон равону дилрас манзури хонандагон бошад.

2012
Низом Қосим

НУСХАИ ОҲАНГАР АЗ ОФАРИДАИ ЗАРГАР

Шеъри муосири Эрон, бахусус шеъри қарни бист ва афзунтар нимаи дуюми он, барои ҳар тоҷике, ки ба сухани манзум иртиботе дорад, чун як вуҷуди зиндаи ҳамдилу ҳамнафас азиз аст, чунки дар қатори шеъри классикии тоҷику форс, шеъри асрҳои 19–20-и рус ва шеъри дастраси классикию муосири Ғарб омили таҳаввулоту такомулот ва полудагию нобии шеъри имрўзаи мост. Аз ин лиҳоз муносибати мо ба ин падида бисёр ҳассос аст ва ҳар мулоқоте бо он ангезандаи эҳсосу идрок ва хотираҳои дилангезе мешавад.
Бо дастрас шудани китоби мунавварботину муътабарзоҳири доктор Алиасғари Шеърдўст «Шеъри муосири Эрон» (қариб 500 сафҳа) бандаро ҳамин ҳолати ошно даст дод. Он шеъри чор давра – замонҳои қочориён, машрута, паҳлавиён ва баъд аз инқилоби исломиро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода, намунаҳои эҷоди шаст шоири ин давраҳоро манзури хонанда кардааст. Ҳамин худ, бешак, корест арзанда, ки боиси ангезиши нави завқи баланди шеърхонию шеърдонии муҳити адабии мо мешавад ва қобили сипос аст.
Вале банда, пас аз оғози мутолиаи китоб, ба хулосае расид, ки агар онро дар асл, ба хати форсӣ медошту мехонд, садчанд роҳаттар мебуду шодтар мешуд ва гумон дорад, ки ин танҳо андешаи як ў нест. Ва муҷиби ин ҳолати нохуш баргардони маҷмўа ба алифбои русист, ки беҳад бесалоҳиятонаву бемасъулиятона сурат гирифта, дар ҳар сафҳа борҳо завқу ҳавсалаи хонандаро пешпо медиҳаду хотирашро нохуш месозад. Танҳо зикри ҳама ғалатхониву ғалатнависиҳо даҳҳо сафҳаро пур мекунад, аз ин рў, интихобан ба силсилае аз онҳо ишора менамоем.
Аз се ду байти пораи аввали китоб, ки аз Адибулмамолики Фароҳонӣ баргардон шуда, мушкили вазн доранд.
Чун байтҳои зерини ҳамин шоир:

пешина
аз 323
навбатӣ