Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

ид», «илҳамд» – «алҳамд», «гулҳои бўстон афрўз» – «бўстонафрўз», «Чу дарёе, ки афтад бар канор аз мавҷи хошокаш…»
– «Чу дарёе, ки афтад барканор аз мавҷ хошокаш…», «Зи шўхчашми аём тарсамаш, ки басе, Худой дар ҳама чашм офарида ширинаш» – «шўхчашмии айём», «Кош помоли чу хокам кунад ў…» – «помол чу хокам», «Хезу аз ҳар ҷо суруди ишрате з-иқболи ид…» – «Хест…», «субҳаву саддона» – «субҳаи саддона», «Чӣ воқеъ аст, ки аз мо салом бозгирифтӣ?» – «Чӣ воқеъа-ст…», «қалами мушки фом» – «қалами мушкфом», «Оташи ман гар биншонӣ ба теғ…» – «Оташи ман гар бинишонӣ ба теғ…», «Зоҳид, аз ин тақвою тоат чи суд…» – «тақвию тоат», «Рўе ба сад накуӣ, чашме ба фитнаҷўйӣ, Наргис кушодагўйӣ, бар тарфи лолазоре…» – «…Наргис кушода, гўӣ, бар тарфи лолазоре…», «Кошкӣ ман ҳам саге будӣ, набудӣ одамӣ…» – «…будам, набудам…», «ҳармон» – «ҳирмон», «Ринди майхонаи дурдикаш, ки лояъқил буд» – «Ринди майхона, ки дурдикаши лояъқил буд», «тура» – «турра», «тамано» (дар саросари китоб) – «таманно», «Зи рўйи сидқу дуо хонда…» – «Зи рўйи сидқ дуо хонда…», «Косаи сар накунӣ пур зи хаёлу зару сим…» – «пур зи хаёли зару сим», «Даъвои хун кам кун, эй ашку маро доман магир…» – «Даъвии…» ва ғайра. Бисёр афсўс, ки такрори ғазал, ҳазфи байту мисраъҳо, гуногунқофиягии як ғазал, номувофиқатии шахсу шумораи феъл ва мубтадову хабар, аломатҳои китобатии афтода, нозарур ё нобарҷо, носаҳеҳии аёни ибораву ҷумлаҳои арабӣ, ки боиси ишколи вазн шудаанд… номгўйи ғалатҳоро тўлонитар мекунанд.
Ин ҳама шаҳодат медиҳад, ки имрўз Камолиддини Биноӣ шоистаи ҳунари худ натанҳо дар байни мардум, балки дар доираи мутахассисони адабиёти классикӣ ҳам маъруф нест. Агарчи дар давраш баҳои арзандаи ҳамзамонони машҳури хешро сазовор шудаву чун ҳама шоироне, ки қадру қудрати каломи бадеъро медонанд, мавқеи суханварии хешро воло ба қалам додааст:

пешина
аз 323
навбатӣ