Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

чинҳо», «Баски мебинам заифаш, дар гумон уфтам, ки ўст».
Ҳатто фаровон дар шаклҳои номаъмули «уфитодан», «уф(и)тодан» омадааст, ки зиёд номақбул ҳам ҳаст.
Ғалатҳо, боз мегўем, гуногуну фаровонанд ва маҷоли ҳамаи онҳоро бо шарҳу баён овардан нест. Аз ин рў, бо зикри шаклҳои омада ва саҳеҳи қисме аз онҳо иктифо мекунем: «Бар ёди соиди ту Баноӣ хаста дўш…» – «Бар ёди соиди ту Биноии хаста дўш…», «Эй ҷон, бароӣ хуш, ки ҳаводори ман расид…» – «Эй ҷон, барой хуш…», «Бигзарад аз фикри дармони Баноӣ, дўстон…» – «Бигзаред…», «Шоҳи ман ҳар ҷо ба он шаклу ҳумоюн бигзарад…» – «шакли ҳумоюн», «Ҷои он дорад, агар ин дунии дун бигзарад…» – «дунйии дун», «Ҷое қарор нест, Баноӣ, ки он савор, Боз омаду инони дил аз дасти мо рабуд – «ҷойи қарор», «бозомаду…», «Гузашт аз захми теғаш аз сари ман, дасти худ шустам…» – «Гузашт ар…», «анбори зулф» – «анбари зулф», «қаллоби зулф» – «қуллоби зулф», «Даъвои хун кам кун, эй ашку маро доман магир…» – «Даъвии…», «Меоварад ба нолаи ҷонсўз чун дар ой…» – «чун дарой», «Сели борони баҳорӣ…» – «селборони баҳорӣ», «мозию мустақбин» – ««мозию мустақбил», «ҳумои садра» – «сидра», «Чун кунам, к-андархўр ин неъмат ба он таркиш фитод» – «таркаш» (тирдон; ҳамқофияи «маҳваш», «оташ», «дилкаш», «шаш»…), «Додхоҳон мекушанд афғон…» – «мекашанд», «Чанд пўшӣ бар сари ҳусн ҳамчу гул домони лутф…» – «…ҳусни чу гул…», «Рақибат мурду моро сохт ў шод, Чӣ некў мурданӣ, раҳмат бар ў бод!» – «Чи неку мурдане…», «Чунин к-аз нолаам ёрон гурезонанду мебинам, Ки ғайр аз лавҳ қабрам ҳеҷ кас бар сар намемонад» – «Чунин к-аз нолаам ёрон гурезонанд, мебинам, Ки ғайр аз лавҳи қабрам ҳеҷ кас бар сар намемонад», «Ҷаҳад оҳи ман аз равзан, сиришкам роҳ дар гирад» – «Ҷаҳад оҳи ман аз равзан, сиришкам роҳи дар гирад», «ба ҳамдуллаҳ» – «биҳамдуллаҳ», «Ҷон ба танг омад маро дар сина шуд наздик он, К-аз қафас берун парад мурғи гирифторам дигар» – «Ҷон батанг омад маро дар сина, шуд наздики он…», «аҳди банд» – «аҳди ба-

пешина
аз 323
навбатӣ