Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

ру». Сарфи назар гаштани ин қоида ҳам боиси номавзуниҳое дар каломи бисёр мавзуни шоир шудааст. Ё худ, вожаи «умед», ки вобаста аз вазн дар ду шакл меояд. Дуруст овардаанд, ки «Дасти уммед зи домони ту кўтоҳ кунам…»
ва мебоист ин шакл дар сатри зерин ҳам риоят мешуд:
«Ҷон дода ба умеди лабат Исои Марям…» (албатта, «Исо»
(یسیع) ҳам дар ин маврид бояд бо шакли дигари навишташ, яъне «Исӣ» зикр бишавад).
Вожаҳои «ҳақ» ва «хат» ҳам (албатта, дар каломи мавзун) ду шакли навишт доранд, вале ин ҳодисаи забонии шеър бояд барҷо сурат бигирад, то ки боиси номавзунӣ нашавад. Чун дар сатрҳои зерин, ки ҳоҷат ба кашиши ин вожаҳо нест: «Дар ҳаққи худ мекунӣ, эй дил, маро беэътимод…», «Дар ҳаққи Юсуф, ки мегуфтанд шо ҳоза-лбашар…», «Дар ҳаққи зоҳид, ки шуд маҷмўаи зарқу риё…», «Кардам бунафшаи хатти ўро ҳавас, ки шуд…» ва ғайра.
Ҳодисаи дар як сатр омадани ду шакли як вожа низ зиёд вомехўрад ва зомини риояи вазн ҳамоно саҳеҳ навиштану дуруст талаффуз кардани он аст: «Не сўйи масҷид тавонам бурд раҳ, не сўйи дайр…», «Гаҳ сўйи ман бошад аз шўхӣ, гаҳе сўйи рақиб…», «Зоҳидам хоҳад сўйи масҷид кашад, дил сўйи май…», «Эй Баноӣ, васфи шоҳ аст аз ҳадду поён бадар, Ҳарчи бепоён бувад, дар ҳадди он натвон расид»… Шаклҳои ишорашудаи калимаҳо бояд кўтоҳ навиштаву хонда бишаванд. Чун дар ин мавридҳо вожаи «бўстон»: «Мани ғамнокро кам хон ба бўстон, Ки бояд тавфи бўстонро диле шод».
Беш аз ҳама ин ҳолат ба сари калимаи «афтод» афтодааст. Маълум аст, ки боз ҳам барои риояи баъзе вазнҳои арўз онро дар шакли «уфтод» («ўфтод») низ меоранд: «З-он лаби майгун Биноӣ дўш мадҳуш уфтод…», «Мардона бош дигар, чун уфтод коре…». Вале ин кор бояд маҳз ҳангоми зарурати якуним ҳиҷо хондани ҳиҷои аввали он сурат бигирад. Мутаассифона, истифодаи нозарури ин шакл ҳам зиёд мушоҳида шуд: «Аз ҳасрати орази ту шуд пир, К-уфтод ба рўйи об

пешина
аз 323
навбатӣ