МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Дар ин байти воқеан зебо:
Чу дур дар гўши ҳар як мекунад розе, намегўяд,
Ки чашми бедиле з-ин ғусса гавҳардор хоҳад шуд
ҳифзи асолати калимаро мушоҳида мекунем, ки боиси дуруст хондану талаффуз кардан ва ниҳоятан бемонеа лаззат бардоштани хонанда мешавад. Дар ин мисраъ ҳам: «Саҳар сипеҳр табақҳои хеш пурдур кард…».
Дар мисолҳои зерин мавриди дуюми истифодаи ин вожаро мебинем: «Тавонад аз садафи ишқ дурри маънӣ чид…», «Мавҷи ин дарё ҳама дурру гуҳар меафканад…», «Дурри ашкам сурх меояд зи чашми тар бурун…». Мутаассифона, аз ин баъд дар мавридҳои зиёде вожа натанҳо барғалат – «Дар ҳавои он дур(р)и якто мудом аз баҳри чашм…», «Дур(р)и сероб шуд назмам, равон бош…», балки дар шакли булаҷабе омадааст: «Дур(р)ри ишқ дар ҳар садаф кай шавад…», «Ба пеши чашми Баноӣ наёварам дур(р)ру лаъл…», «Баноӣ, аз сухани ман шавад дур(р)ри сероб, Чӣ суд, гар накунад ёр гўш бар суханам» (ба тақозои маънӣ «аз» бояд «ар» бошад), «На бар узори ту ғалтон дур(р)ри баногўш аст…» – дар ин сатрҳо, чӣ ҷойи се «р», ки дутояш ҳам зиёдатист! Беш аз ин, вожаи дар алифбои русӣ ҳамшаклро калимаи мавриди баҳс пиндоштаанд:
Хуршеди ҷамоли ту, зи заррот аён аст,
Дур (р) аст, ки дар дидаи хаффош кунад ҷо.
Сухан аз «хаффош» (кўршабпарак; дар ин ҷо ба маънии рақиб) меравад, ки аслан ба «дурр» (رد) муносибате надорад, аз нур қимобу бенасиб аст ва дар чашмаш ҷо шудани «хуршед» (ёр), яъне қаробаташ бо хуршед, аз имкон дур (رود) мебошад!
Маълум аст, ки вобаста ба вазнҳои ашъор ҳиҷои дуюми калимаи «абрў» кўтоҳ ҳам меояд, яъне дар шакли «аб-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ