МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Эй Баноӣ, ҳар замон ҷон мекашӣ, беш макаш!
То ба кай дар пеши мардум худнамоӣ мекунӣ?
«Ҷон кашидан», беш аз ин «беш ҷон кашидан», пур бемаъност. «Ҷон» дар ин маврид феълҳои «додан», «гирифтан», «бахшидан» ва, албатта, «кандан»-ро талаб мекунад. Аз вожаҳои мазкур танҳо охиринаш ба ин байт рост меояд. Вале боз ҳам вазни мисраъ хароб аст. Пас ҷойи «беш» калимае вусъатноктар бояд бошад, ки ҳам вазнро пур кунад ва ҳам ифодаро маънӣ бибахшад. Роҳи озмуда – ба хати асл баргардонда, бозхонӣ карданро истифода мебарему бо талқини калимаи «пеш»-и сатри дуюм ба натиҷае мерасем, ки котиби осемасар натанҳо гузоштани ду нуқтаи вожаи «пеш»-ро дар сатри якум фаромўш кардааст, балки як ҳарфи «шин»-ро батамом нанавиштааст (شیب -شیپ ). Дар маҷмўъ байт мешавад ба ин сурат:
Эй Биноӣ, ҳар замон ҷон меканӣ пешаш, макан,
То ба кай дар пеши мардум худнамоӣ мекунӣ?
Ҳамчунон ки ишора шуд, шеър дар тўли қарнҳо ҳатто дар навишти хоси бисёр вожаҳо соҳибимтиёзӣ касб кардааст. Дақиқтар бигўем, бо тақозои вазну қофия калимаҳои зиёде дар он бо шаклҳои гуногун навишта мешаванд ва маҳз калимаи мувофиқи мавридро овардан имкон медиҳад, ки натанҳо равонию мусиқии шеър халалдор нагардад, балки маънию мантиқу таносуби он осеб набинанд.
Ҳама медонад, ки вожаи «дур» (марворид) (رد) бе «вов» навиштаву талаффуз карда мешавад, аммо мавридҳое ҳаст, ки барои риояи вазн ба он боз як «р» ҳамроҳ намуда, бо пайвандакҳо ба якуним ҳиҷо мубаддалаш месозанд. Бубинем, ки ин қоидаи маъмул дар ғазалиёти мавриди назарамон то чӣ дараҷа риоят шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ