МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Сарфи назар намудани ин ҷиҳат низ ба хатоҳое овардааст.
Масалан, дар байте омада:
Ёр меояд пайи қатлам, вале дар омадан,
Мекунад чандон ҳиял, к-аз интизорам мекушад.
Дар омадани ёр, албатта, будани «ҳиял» (ҳилаҳо) имкон дорад, вале маъмулан ва аксаран дар ин маврид «ноз» аст, «хиром» аст, ки омадани дилхоҳро кашол медиҳад. Интизории беқароронаи шоир далолат мекунад, ки манзураш калимаи оммавии «ҳаял» (дер кардан, таъхир, диранг) мебошад.
Ё худ:
Рутубат аз дили ў бурдааст хушкии зуҳд
В-агарна баҳри чӣ зоҳид гирифта худро шайх?
Агар байтро берун аз ғазал мехондему намедонистем, ки қофияҳояш «ях», «дўзах», «занах», «матбах»… аст, шояд мепазируфтем, ҳарчанд ки маъноҳои тақрибан ҳамтарозуи «зоҳид» ва «шайх» муқобили инанд – зоҳид худро шайх намегирад, чунки ҳар ду дар зоҳир поку порсову бегуноҳанд.
«Хушкии зуҳд рутубатро аз дили зоҳид бурдааст» – мегўяд шоир, яъне, ўро хушк кардааст. Оё ин маънӣ дар мисраи баъдӣ инкишоф ёфта? Не. Пас онро бояд дар-ёфт. Ва ба ин метавон бо роҳи саҳли солим кардани қофия расид. «Шайх»
(خیش) не, «шах» (خش) аст қофияи ин байт. Яъне, азбаски рутубати зоҳид рафта, ў шах – сахт, дағал (Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ.2, саҳ. 573), хушк шудааст. Мардум имрўз ин вожаро дар шакли «шахшўл» (нотарошида, дурушт, дағал) бештар истифода мекунад.
Ибораи «ҷон кандан» натанҳо ба маънои аслӣ, балки ба маъноҳои маҷозии ба кори беҳуда, амали ҷонкоҳи бенатиҷае машғул шудан байни мардум машҳур аст. Бубинем, ки Биноӣ азоби ошиқро пеши ёр бо ин ибора чӣ сон ифода кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ