Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Барои дарки имо ғафлат (تلفغ) чӣ лозим? Корбасти мақоли мардумии «ба доно – як ишора» аст ин мисраъ ва ба дардаш калимае мехўрад, ки ба доноӣ ишорат бикунад. Бешак, «ақлат» (تلقع) аст он вожа, ки як нуқтаи «қоф»-ро ба «ъайн»
бахшидани котиб батамом муқобилмаънои хешаш кардааст.
Лутфи шоир ҷон дорад, ки:

Ҳаст ашъори Биноӣ ҷумла саҳли мумтанеъ,
Гўйӣ осонаш, валекин нест осон гуфтанаш.

Воқеан, ашъори ў (ҳам ғазалҳо, ҳам рубоиву қитъаҳо, ҳам маснавии «Беҳрўзу Баҳром»), ҳамзамон бо шеърияти баланд доштан бисёр равон, мафҳум ва дастрасу дилрасанд. Ва яке аз махсусиятҳои аёни забону баёни Биноӣ мардумӣ будани он аст. Ин натанҳо дар содаву фаҳмо ифода кардани мазмуну маъниҳо, балки дар корбурди фаровони зарбулмасалу мақол ва калимаву ибораҳои рехтае зоҳир шудааст, ки имрўз ҳам мавриди истифодаи васеи форсизабонон, бахусус тоҷиконанд. Аз ҷумла, «аз мурдан батар», «чашм ба роҳ будан», «шакархоб», «омадшуд», «таблакзанон», «аз об нишастани бино», «гаштан» (ба маънои сайру гашт), «дили касе будан» (ба маънои ихтиёр ба дасти касе будан), «аён ҷойи баён нест», «селборон», «пур гуфтан», «анор дона кардан», «раҳ додан», «сар додан» (ба маънои раҳо кардан), «рўзи бозор», «сари бозор», «суҳбат шудан» (ба маънои гармии суҳбат ва маслиҳат), «пур ҳаром будан», «дўстро аз душман надонистан», «дар кори худ бино будани кўр», «заҳра надоштан», «бисёр-бисёр пурсидан», «бирешум», «сар берун кардан», «беобру шудан», «гиряи дар хоб шодист», «каҳгил», «ба чашм гул афтодан», «аз замин то осмон миннатдор будан», «дилдиҳӣ кардан» (ба маънои тасалло додан), «дар ханда шудан», «овози гирён», «гарм шудани чашм» (ба маънои хоби хуш дидан), «пўст аз ту, устухон аз ман», «ёрои гуфтан», «бало задан», «хона пўшидан», «як раҳ» (ба маънои як бор), «фатиларо куштан», «пушти даст газидан» ва ғайра.

пешина
аз 323
навбатӣ