МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Ба ёди дарси муҳаббат зи сафҳаи дили мо хон,
Ки ҳалли масъалаи ишқ аз ин рисола барояд.
Мухотаб «ба ёди дарси муҳаббат зи сафҳаи дили мо»
чӣ бихонад? Бешак, «ба ёди» (دایب) «биёву» (وایب) буда ва ба «вов» (و) монанд шудани «дол» (د) масъала эҷод кардааст. Чун дар байти дигар, ки шабоҳати «вов»-у «зол»
(ز) «афв»-ро «афз» карда, боиси харобии маъно шудааст.
Гар надидӣ Ҳолӣ аз шаҳри Самарқанд илтифот,
Меравӣ Ҳолӣ ба султони Хуросон, ғам махўр!
Чӣ ҷойи гуфтан, ки «Ҳолӣ»-и аввал тахаллуси дуюми Биноӣ ва «Ҳолӣ»-и сонӣ «ҳолӣ», яъне ҳоло, инак, акнун аст.
Аз сафо оби рухи чашмаи хуршед бирехт,
Қатраи хун, к-аз он рўйи арақнок афтод.
Аз ишколу сабаби сактаи вазни мисраи дуюми ин байт болотар гуфтем. Ин ҷо мақсад мазмуну мантиқ аст, ки низ халалдор шудааст. Дар мисраи аввал аз «оби рух», яъне арақи рухсори маъшуқа сухан меравад. Пас «хун» чӣ муносибат дорад, ки «аз он рўйи арақнок» меафтад? Бешак, «хун» (نخ-نوخ) не, «хай» (یخ) – «арақ» буда, сабаби ба ин ҳол афтоданаш ба зоҳири ҳуруф бештар диққат додану сарфи назар кардани мантиқу таносуб аст.
Инак, мутаваҷҷеҳ бошед ба мисоли охирине, ки дарк нашудани шабоҳати калимаҳо маънову ҳуснашро барҳам задааст:
Гўшаи абруи соқӣ ба қадаҳ имо кард,
Ҳолиё, ғафлат агар ҳаст, бас аст имое.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё