Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Миси қалб аз зари холис ба ёр афзун шуд,
Маҳаке нест, ки зоҳир шавад ин қаллобӣ.

Вазни «холис» вайрон аст, сатри аввал дар маҷмўъ маъние надорад. Риштаи зарини таносубро меҷўем, ки аз «мис» оғоз шуда, тавассути «зар»-у «маҳак» то «қаллобӣ»
тўл мекашад. Барои комил шудани байт дар ин силсила чизе намерасад. «Миси қалб аз зари холис…» – мегўяд шоир ва дар фазои ин ибора гумон кардан мумкин аст, ки ҷузъи тасҳифшудаи «ба ёр» (رایب) «ба иёр» (رایعب) будааст. Яъне, «миси қалбакӣ дар қадру қимат аз зари холис бартар шуд ва маҳаке нест, ки ин қаллобиро фош бикунад».

Ғунча баҳри пойбўси сарви ман ҳар дам ба боғ
Мекашад дарҳам даҳоне, гар даме созад лабе.

Натанҳо феълҳои сатри дуюм номувофиқанд, балки бахши охири он тамоман бемаънист. Сухан аз ғунча меравад, ки бечора «даҳоне» дораду «лабе». Хуб, даҳонро дарҳам мекашад, лабашро чӣ кор мекунад? Бо назардошти ҳолатҳои лаб ҷузъи дуюми сатрро чунин хондан душвор нест: «гирда месозад лабе» (دزاس یم هدرگ یبل).

Дам ба дам мекушамат аз сари кин мегўйӣ,
Куштанӣ аз ту надидем, ҳамин мегўйӣ.

Бо вуҷуди адами аломатҳои барои эҳсоси шиддати баён зарури китобат ҳусни байтро пай бурдану пазируфтан мумкин аст. Вале ибораи «куштанӣ надидем» ҳеҷ қабулу ҳазм намешавад. «Куштанӣ» (ینتشک) дар фарҳанг «куштанбоб», «чорпое, ки гўшташ хўрданист» тафсир шудааст, ки ҳеҷ дархўри ин байт нест. Пас бояд «куштане»
(ینتشک) - ҷузъе аз куштанҳои ваъдагии дилдори ваъдабоз бошад, ки фақат садо медиҳаду ҳеҷ ба иҷро намерасад.

пешина
аз 323
навбатӣ