Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Шоир, ки нолаи худро беҳ зи чангу чағона бидонад, чаро ҳамоно аз нола баромаданашро (агар ин таъбир ба маънои тарки нола кардан қабул ҳам бишавад) тақозо мекунад? Баръакс, бояд чизе бигўяд, ки беҳ аз чангу чағона будани нолаашро қувват бидиҳад. Дар ин замина, гумон мекунем, ки асли сатри аввал чунин будааст: «Ба базми ғам чу хўрам хун, барор нола, Биноӣ…». Таваҷҷуҳ шавад ба монандии «баро зи нола» (هلانزارب) ва «барор нола»
(هلانرارب). Як нуқтаи нобарҷо рўйи «р» афтода онро ба «з» табдил додаву масъулони китобро ба иштибоҳ андохтааст.

Эй ки саргашта чу гирдоб дар ин ғарқобӣ,
Даст дар киштии ман зан, ки халосӣ ёбӣ.

Дар ин шакл байт танҳо дар ҳолате қабул мешавад, ки хитобкунанда ҳазрати Нуҳи набӣ бошад. Азбаски чунин нест, «ман» нобарҷост.

Тўфони ғам ар дарояд аз пешу пасат,
Дар бода гурез – киштии Нуҳи ту аст, -

мефармояд Хайём. Бешак, шоир байти фавқулзикрро дар тазмини ин мазмуни ҳакими Нишопур суруда ва, чун ҳамақидаи ў буда, «ман»-аш «май» аст. Таъкид бемаврид нест, ки Биноӣ аз Хайём зиёд мутаассир будааст ва руҷўъҳои фаровонаш ба он рубоиёти абадзинда аз ин шаҳодат медиҳанд. Баъзан ҳатто мазмуни рубоиеро бетағйир ҳам овардааст:

Гирифтӣ пеш аз ин Баҳром агар ҳар лаҳза гўреро,
Бибин Баҳромро, то чун гирифтаст ин замон гўраш.

(Ба хотир биёред Хайёмро: «Баҳром, ки гўр мегирифтӣ ҳама умр, Дидӣ, ки чи гуна гўр Баҳром гирифт?!»).

пешина
аз 323
навбатӣ