МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Ин мисол натанҳо шомили калимаҳои мазкур аст, балки мазмуни байти болоро тақрибан бо луғоте дигаргунатар бозгў мекунад.
Ку соғари гароне, аз дасти дилситоне?
То вораҳам замоне, аз меҳнати зиёда.
Агар аломатҳои нобарҷои китобатро ба назар нагирем, гўё камбуде надорад. Лекин қофияҳои ғазал (хона, баҳона, фасона…) мағал доранд, ки «зиёда» аз зоти онҳо на, бегона аст. Бо талқини мазмун, калимаи «замоне» ва бо раҳнамоии шабоҳати навишт асли вожаро меёбем: «замона» («меҳнати зиёда» (تنحم هدایز) ифодаи оммиёнаи берангуборе беш набудагист, вале «меҳнати замона» (تنحم هنامز) ибораи маъмулу пурбори адабиёт аст.
Ба маҷлиси ту дароям, ниҳон шавӣ зи миёна,
Ту, эй парӣ, макун ниҳон, ки нест одамиёна.
«Ниҳон»-и сатри аввал боис шуда ё лаззати байт масъулонро аз худ бурда, ки вожаи мазкурро дар мисраи сонӣ нобарҷо такрор кардаанд. Чаро нобарҷо? Барои он ки шишаи вазн маҳз дар сари ин вожаи барои сатри мазкур сангин шикастааст… «…ниҳон шавӣ» – мегўяд шоир, пас чӣ ҳоҷати такрори бефосила, ки «макун ниҳон» (барғалатии ин ибора сарфи назар ҳам шавад)? «Ту, эй парӣ, макун…» – мехонем ва меандешем: бояд чиҳо накунад парӣ?
Шояд он чиз, ки ў бояд накунад, дар сатри аввал омадааст? Оре, шоир мехоҳад, ки парӣ бо омадани ў ниҳон нашавад ва таъкид мекунад, ки «макун… инҳо, ки нест одамиёна»! (Аз ҷиҳати сохт, албатта, калимаи «инро»
мувофиқтар аст, лекин зебандаи шеър нест).
Ба базми ғам чу хўрам хун баро зи нола Баноӣ,
Ки нолаи ту дар ин базм беҳ зи чангу чағона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё