МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Бисўхт аз дами ное дили балокаши ман,
Магар ба най нафасе медамад бар оташи ман.
Шоир мепурсад ё гумон дорад, ки «магар ба най нафас медамад?» ва беихтиёр суоле пайдо мешавад: «кӣ?». Ба ин пурсиш дар байт посух нест. Аз ин рў, «ное» (یان) не, «нойӣ» (найнавоз) (ییان) аст, ки бар оташи шоир нафас медамад.
Бошад аз ҳоли ман огаҳ мубталое ҳамчу ман,
Бо касе, к-ў буда бошад дар балое ҳамчу ман.
«Мубталое ҳамчу ман» ва «касе, ки бошад дар балое ҳамчу ман» мафҳумҳои (воҳидҳои забонии) ҳамвазнанд ва ҳардуро беҳадаф пайиҳам овардан барҷо нест. Дар ин байт ҳодисаи қиёсии баён аст, яъне «ё ин ё он» ва як нуқтаи афтода «ё»-ро (ای) дар оғози сатри дуюм «бо» (اب) кардааст.
Бар сари хоки Ҳасан назми Биноӣ гар баранд,
Сар зи хок орад бурун аз баҳри устухони ман.
«Ҳасан аз баҳри устухони Биноӣ сар аз хок бурун орад»? Чӣ ифодаи мағшушу беҷову бемаъное! Вазни хароб худ мегўяд, ки ҷисми ин байт «устухон» надорад… Пас чист он? Бешубҳа, «истеҳсон» (ناسحتسا), ки бо «устухон»
(ناوختسا) шабоҳат (агар надонем, ки он бо «вов»
навишта мешавад) ва бо «Ҳасан» таносуб дорад. Шаклҳои гуногуни ин реша – ҳасан, таҳсин, аҳсант, мустаҳсан… дар ғазалиёти Биноӣ фаровон истифода шудаанд. Масалан:
Биноӣ, гар ба Ҳиндустон баранд ин назми мустаҳсан,
Ба таҳсини ту аҳсант ояд аз хоки Ҳасан берун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё