Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

«Чу мор ҳеҷ мазан аз ҳавои гавҳару ганҷ…». Магар мор ҳеҷ мезанад? Печ мезанад, печутоб мехўрад бар сари ганҷина. Аз ин рў, «ҳеҷ» (یهج) не, «печ» (چیپ) аст, ки котибони мозӣ ё мураттибони имрўз ғалат хондаанд.

Чунин кард, бодаи лаъли лабат ҳамчун сабў мастам,
Чӣ сон бархезам аз ҷо, гар нагирад дигаре дастам?

Сатри дуюм, ки натиҷа аст, солим китобат шудааст.
Мисраи аввал бояд сабаб бошад ва иллати аз ҷо бархоста натавонистани қаҳрамони лирикии шоирро возеҳу рўшан баён кунад. Ҷумлаи «Чунин кард… мастам» аз ҷиҳати сохт ба ин тарзи баён мухолифат дорад… Ба гумони ғолиби мо, иллати байт маҳз дар феъли «кард» («درک») аст ва агар «мастам»-ро ба сифати хабари ҷумлаи (мисраи) якум бипазирем, он барзиёду нобарҷову нодаркор ҳам мешавад. Пас он «к-аз» («زک») аст, ки мисраи аввалро солим месозад: чунин ки аз бодаи лабат мастам, мисли сабў афтодааму бе дастгирии дигаре бархоста наметавонам.
Афтодани ду нуқта сабаб шудааст, ки ҳарфи «ж» (ژ) ба «з» (ز) табдил биёбаду «божгун»-ро «бозгун» (نوگزاب- نوگژاب) рўбардор кунанд, ҳарчанд ки ибораи «бахти божгун» (вожгун) раҳнамои беминнати дурустхонист.

Ба кўяш гашт ин фикрам, ки бо он маҳ чӣ мегўйӣ?
Агар пурсад, ки аз баҳри чӣ меоӣ ба кўйи ман?

Шоир дар кўйи ёр мегардад ва дар изтироб аст, ки агар ў сабаби ин корашро бипурсад, чӣ ҷавоб медиҳад. «Ба кўяш гашт ин фикрам…» шояд зоҳиран ғалат набошад ва маъние ҳам бидиҳад, лекин натанҳо равону шоирона нест, балки он ҳолати шадиди равониро ҳеҷ ифода карда наметавонад. Бешак, «кушт» (تشک) «гашт» (تشگ) рўбардор шудааст.

пешина
аз 323
навбатӣ