МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Қофияи дуруст «лабам» аст, ки дар идомаи ғазал бо «аҷабам», «шабам», «сабабам»… ҳамоҳанг шудааст. Пас «бутам» чаро? Онро ба хати форсӣ менависем: «متب». Оё нуқтаҳоро нобарҷо мондани котиби осемасар имконнопазир аст? Имконпазир аст ва аз ин корҳо бисёрҳо кардаанд котибони мозӣ, чунки такяву эътимоди онҳо ва умуман хати андешаталаби форсӣ ба фаҳму фаросат аст. Бешубҳа, нуқтаҳо ҷой иваз кардаанд ва агар ду нуқтаи болоро рўйи дандонаи аввал бигузорему як нуқтаи поёнро зери дандонаи дуюм, матлабамон ҳосил мешавад: «مبت» - «табам».
Нола дар чанги ғами ў қоматамро чанг сохт,
Базми ғамро боз чангӣ бас аҷаб оҳанг сохт.
Агар аз парокандагии вожаи мураккабу зебои «аҷабоҳанг» бигзарем, байт гўё ишколе надорад, соҳиби маънӣ ҳам ҳасту қабул ҳам мешавад. Лекин… Гумон меравад, ки шоир нозуктару расотар ва амиқтару мантиқитар гуфтааст. Қомати шоир аз ғами ёр чанг шудааст, яъне ў дар ниҳояти ғамгинӣ қарор дорад ва дар чунин як ҳолати сангин кадом як чангӣ базми ғами ўро аҷабоҳанг месозад… Ин магар мантиқиву тасаввурпазиру қобили қабул аст? Албатта, не. Агар дар ин вазъият шоирро аҷабоҳангие ҳам ба дил қарин бошад, аҷабоҳангии ҳамон ёри худаш асту бас. Дар сатри аввал ба чанги (ғами) ёр ишора шудааст, мантиқан дар мисраи дуюм ҳам бояд чанги ў ҳузур дошта бошад. Бознависию бозхониҳо ба хулосае мерасонанд, ки калимаи «боз», ки дар байт бегона эҳсос мешавад, табдил аз вожаи дигарест. Онро ба хати асл менависем:
«زاب». Магар нуқтаи боло наметавонад ҷуфти нуқтаи поён бошад? Ин ҳодиса комилан имкон дорад ва боиси пайдоиши вожаи нав мешавад: «ёр» («رای»). Яъне, «Базми ғамро ёри чангӣ бас аҷабоҳанг сохт»!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё