Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

«хашм» кардаанду «шиша»-ро «пеша», «худо»-ро «ҷудо»
ва ғайраву ҳоказо. Бо ин андешаҳо агар нуқтаҳоро соқит кардан бигирем, як нуқта мушкили моро ҳал мекунад – «ба роҳ». Оре, чашм «пуроҳ» (هارپ) не, «ба роҳ» (هارب) мешавад! Ин ҳамаро барои он гуфтем, ки алоқамандони алифбои зебову фиребои ниёгон, бахусус пажўҳандагону таҳиягарони ҷавони осори гузаштагони бузургамон, фирефтаи печутобҳои хат нашаванду аз пайи нуқат нараванд, балки қабл аз ҳама пайгири босуботи маъниву мазмун бошанд. Вагарна бо такя ба сатри якум бе душворӣ ғалати мисраи сониро метавон бартараф кард: ёри бераҳм шоирро ончунон тирборон кардааст, ки танаш пурзахму ҳар захм чун чашмест ва он чашмҳо ҳама ба роҳи омадани ўянд…
«То кашидӣ зи дилам тири ҷафо, хок бимонд…». Боз ҳам қариб ҳамон манзараи ошно, бо ин фарқ, ки ин дафъа ёр як тир задаву онро ҳам кашида гирифтааст… Тирро аз бадан бигиранд, магар ба ҷояш «хок» (کاخ) мемонад? Оё «чок» (کاچ) намемонад?
Дар ин байт акси ҳолати боло рух додааст:

Сарви ман дар бар наёяд, чок кардам то магар
Сояи он сарви симандом ояд дар барам.

Сатри аввал маъние надорад. Мисраи сонист, ки шакли дурусти онро талқин мекунад: «Сарви ман дар бар наёяд, хок гардам, то магар…». Яъне, то ки сояи он сарв (ёр) дар бар биёяд, ошиқ бояд хок бигардад, чунки соя рўйи хок меафтад. Боз ҳам шабоҳати навишти вожаҳои «чок» (کاچ) ва «хок» (کاخ), «гардам» (مدرگ) ва «кардам» (مدرک) ва, албатта, сарфи назар шудани мантиқу маънӣ боиси ин иштибоҳ шудааст.

Ҷон сўйи лаб на зи андуҳи бутам омадааст,
Ба тақозои аҷал ҷон ба лабам омадааст.

пешина
аз 323
навбатӣ