Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Ба ғайри бод чи ояд туро ба каф, ки ҳамеша
Дар ин муҳит тиҳидав ба ҳар тараф чу ҳубобӣ?

Носаҳеҳии байти дигарро ҳам вазн бартараф мекунад:

Шифои дарди дили ман туӣ, вале чӣ кунам?
Ки натавонӣ маро нест аз шифо рўзӣ.

Яъне, ба тақозои вазни ғазал бояд «натавонӣ» ба «нотавонӣ» табдил дода шавад, аммо мушкили вазну маънои байт бо ин ҳам ба ҳалли хеш намерасад. «Нест аз шифо рўзӣ» – мегўяд шоир. Киро? «Маро»? Не, чунки як ҷузъи мисраъ батамом беэътибор мешавад. Дар оғоз сухан аз дил аст ва магар бо ҳамон анҷом ёфтани байт мантиқӣ нахоҳад буд? Оре, «нотавонӣ» ҳам не, балки «нотавони маро»-ст, ки ба дили хоҳони шифо дахл дорад. Ва саҳеҳи байт чунин мешавад:

Шифои дарди дили ман туӣ, вале чи кунам,
Ки нотавони маро нест аз шифо рўзӣ.

Боиси таассуфи зиёд аст, ки бар асари зоҳирхонии матн бисёр калимаву ибораҳои аслӣ шакл иваз намуда, унсурҳои шеърро хароб ва дарки ҳусни онро душвор, баъзан қариб номумкин кардаанд. Инро метавон яке аз ҷиддитарин қисматҳои навоқиси баргардони ғазалиёти Биноӣ гуфт. Таваҷҷуҳ кунед ба ин байт:

Бар танам ҳар тараф аз захми хадангат захмест,
То бидонӣ, ки басе чашми пуроҳ аст маро.

«Чашми пуроҳ»? Аниқ, ки хандаовар асту маъние
надорад ва ғалат, шояд айнан рўбардор шудааст. Онро боз
ба хати форсӣ бармегардонем, нуқтаҳои болову поёнро
радду бадал мекунем, чунки онҳо эй басо «чашм»-ро

пешина
аз 323
навбатӣ