Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Мисоли дигар:

Ҷамоли ишқ агар аз рўйи мастуре кашад бурқаъ,
Надонӣ аз мусулмон фарқ кардан габру тарсоро.

«Аз рўйи мастуре» ниқоб кашидан мушкил нест, манзури шоир, бешубҳа, боз ҳам амиқтар – барандохтани ҳиҷоб умуман аз рўйи як рухдоди иҷтимоӣ – «мастурӣ»-и фиребову намоишкорона аст, ки асли зарқу риёст.
Аммо дар байтҳои зерин акси ҳолати болоро мебинем:

Чун банда Биноист ғуломи ту чӣ бошад?
Парвои ғуломӣ кунӣ, эй хоҷаи олам.

Агар аз аломатҳои китобатии заруру нозарур сарфи назар кунем, шоир мехоҳад, ки хоҷаи олам (Худованд) ғамхории як бандаи хеш, яъне парвои ғуломе бикунад.

Мекунӣ манъи Биноӣ, зи фиғон, ваҳ, ки туро
Ҳамчу ў бар рухи хубӣ нигарон мехоҳам.

Носеҳ шоирро аз фиғони ҳиҷрон бозмедорад ва шоир дуо мекунад, ки носеҳ низ мисли вай чунон «рухи хубе»
бубинад, ки аҳволи ў бидонад.

Ба ғайри бод чӣ ояд туро ба каф, ки ҳамеша,
Дар ин муҳити тиҳӣ дав ба ҳар тараф чу ҳубобӣ.

«Тиҳӣ дав» сифати мураккабест, ки бояд якҷо навишта шавад. Вале бо ҳамин ишколи ин байт аз байн намеравад, чунки ибораи «муҳити тиҳидав» маънӣ надорад. Ин сифати зебо, бо вуҷуди робитаи қиёсӣ бо «ҳубоб» танҳо ҳангоми ба «муҳит» не, ба «ту»-и мухотаби шоир мутааллиқ шудан маънои амиқи азалиашро дармеёбад:

пешина
аз 323
навбатӣ