МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Таноби маҳкаме бигсистаанд аз хаймаи гардун,
Баноӣ, чун тавон фориғ нишастан дар чунин хайма?
Манзур ибораи «таноби маҳкаме»-ст, ки хеле сода аст ва вожаи «маҳкам» ҳатто чун сифати «таноб» дарку эҳсос намешавад. Бешубҳа, шоир шадидтару амиқтар андешидааст ва ин ибораи ў дар асл «таноби маҳкамӣ» будааст.
Яъне, аз хаймаи гардун як таноби маҳкам не, балки асли он – «таноби маҳкамӣ» (асоси устуворӣ, барҷоӣ, бобақоӣ, абадият)-ро бигсастаанд!
Мисоли дигаре шабеҳи ҳамин:
Аз он зулфи парешон рўзгорест,
Ки ҳастам дар парешон рўзгоре.
Зи ман пинҳон накардӣ рўйи худро,
Агар будӣ зи бахтам рўйи ёре.
«Парешон рўзгоре», «рўйи ёре» дар мавриди ифодаи шоирона бисёр содаву камтаъсиранд, аслашон «парешонрўзгорӣ» ва «рўйи ёрӣ» мебошад, ки дар навишти форсӣ айни ибораҳои қаблист.
Чунин мисолҳо зиёданд, вале бо дуи дигар баҳсашонро хотима медиҳем:
Ҳар кӣ бо ошиқе нашуд наздик,
Ҳаст чун кофаре зи имон дур.
Агар тавассути қаробат ба як ошиқ (ошиқе) кас қарини имон мешуд, имондорӣ саҳл буд, вале асли ҳол ва ҳадафи шоир амиқтар – қаробат бо «ошиқӣ» (ишқи воқеӣ, ҷонфидоӣ, азхудгузаштагӣ, садоқат…), яъне ҳолат, камолот, дараҷаи инсонист, ки ченаки волотарест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё