МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Ҳадафи шоир ин аст, ки соқӣ соғараш надиҳад, то май нишот наораду ғамашро набарад, яъне, «бурдан» чун «овардан» ба «май» дахл дорад, на ба мухотаби набуда.
Тазоди феъл ҳам чун як ҷузъи муҳимми шеърият дар мадди назар аст ва тақозо мекунад, ки феълҳо («орад» – «барад») ҳамшаклу ҳамшахс бошанд.
Даме гар аз ту дур рафтам, зи ғам ҷон оядам бар лаб,
Куҷо ҷон монадам рўзе, агар афтам ҷудо аз ту.
Агар харобии вазн («дур рафтам») намебуд, чӣ тазоди муносибе буд «аз ёр рафтани шоир» ва «ба лаб омадани ҷон». Чун вазн осеб дидааст, таносубро бояд дар дигар ҷо ҷуст. «Афтам ҷудо» – омадааст дар сатри сонӣ, яъне, дар мисраи нахуст ҳам «дур афтам» аст, ки вазнро барҷо мекунад.
Шуд устухон тани ману шодам, ки оқибат
Хоҳам шудан фасонаи тири ҷафои ў.
«Фасонаи тир шудан» маънӣ надорад, сухан аз ибораи маъмули шеъри классикӣ – «нишонаи тири ҷафо шудан»
аст.
Меҳру лутфе ба дигарону ба мо
Ҳама хорӣ, ҳама ҷафо шудаӣ.
Агар сатри дуюм «ҳама хорие, ҳама ҷафое шудаӣ» мебуд, ки буданаш номумкин аст, сатри аввалро дар ҳамин шакл мепазируфтем. Азбаски чунин нест, он бояд ин тўр бошад: «Меҳру лутфӣ ба дигарону ба мо…».
Як хосияти шеъри хуб бо лутфи сода ифода намудани маъниҳои мураккаб, духура, рамзӣ, таҳтонӣ ва ғайра аст ва ҳангоми таҳияи матни классикӣ ин ҷиҳат ҳам бояд дар мадди назар бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё