Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Мавридҳои шубҳаноке дучор меоянд, ки кори котиби бедиққат ё аз мантиқу таносуб ноогоҳ тахмин карданашон инсоф менамояд:

Зи аввал дил манеҳ чун ғунча бар гул,
Ки чун гул мешавӣ з-ин гулшан охир.

Ғунча бар гул чӣ хел дил ниҳода метавонад? Саҳеҳтар аст, ки ҳар ду ба гулшан дил мениҳанд. Сатри дуюм (аз гулшан рафтани гул) ҳам ба ин далолат мекунад. Бинобар ин мулоҳизаҳо, шояд ибораи «чун ғунча бар гул» аслан «чун гул ба гулшан» будааст?

Ба тундбоди ғамат хаймаи танам рафтӣ,
Сиришк агар накашидӣ таноби гирди танам.

Маънии мисраи аввал рўшан аст ва дар заминаи он саволе мантиқӣ пеш меояд, ки чаро нарафт? – барои он ки сиришк гирди танам таноб кашид. Сухан аз тарзи дурусти ифода меравад, яъне «Сиришк агар накашидӣ таноб гирди танам».
Дар байти дигар шоир мегўяд, ки агар аз шарми мардум ба ихтиёри худ нагиряд, аз ғусса беихтиёр гиряаш меояд. Байт бар ҳамин тазод – баихтиёр ва беихтиёр устувор аст, бинобар ин ва боз ба тақозои вазн «беихтиёр»-и сатри дуюм бояд «баихтиёр» бошад:

Зи ғусса гиряи беихтиёр медиҳадам рў,
Зи шарми халқ даме гар баихтиёр нагирям.

Дар байти зерин мухотаб танҳо соқист ва рухдодҳои дигар ҳама натиҷаҳои чидаи амали ўянд, аз ин рў, дар сатри дуюм сохтани мухотаби дигар ҳеҷ ҷоиз нест:

Мадеҳ соқӣ, маро соғар, мабодо май нишот орад,
Ғами ўро баред аз синаи ғампарварам берун.

пешина
аз 323
навбатӣ