Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Шарҳи хуни дил, ки мехўрем ниҳон аз дасти ту,
Килки мижгонам рақам бар сафҳаи рухсора кард.

Натанҳо саломати вазн, балки ҷузъи аёни ин байт – ибораи «килки мижгонам» боисрор талқин дорад, ки феъли шахси ҷамъи замони ҳозираи «мехўрем» дар асли хеш танҳои гузаштаи «мехўрдам» будааст.

Эй Баноӣ, шуд фалак аз дуди оҳи ман кабуд,
В-ар набуд ў низ сар то по чу моҳу х(в)ар сафед.

«Фалак аз дуди оҳи ман кабуд шуд ва агар ў низ сар то по чу моҳу хур сафед набуд…». Чӣ ҷумлаест ин? Чӣ маъно дорад? Ҷуз хаёлангезиҳои мубҳаме ҳеҷ! Шояд байт ҷумлаи мураккаби шартист, ки ҷузъҳояш (ҷумлаҳои содааш) хилофи ҳаманд? Дар асоси ин тахмин сатри дуюм дуруст мешавад: «Варна буд ў низ сар то по чу моҳу хур сафед».
«Гуфтам ба дил кам шавад, бори ғами ў кам нашуд…».
Натанҳо вазн, баёни равону содаи тоҷикӣ ҳам тақозо дорад, ки сатр чунин хондаву навишта шавад: «Гуфтам аз дил кам шавад бори ғами ў, кам нашуд…». Дар давоми ҳамин ғазал мехонем:

Шодмонӣ бо мани ғамгин нашуд ҳамдам, ки ў
К-аз фиғону гиряи ман мубталои ғам нашуд.

«Касе (ҳатман шахс – шодмоне!) бо мани ғамгин ҳамдам шавад, аз фиғонам мубталои ғам мегардад» – мегўяд шоир. Бисёр содаву равону фаҳмо. Пас ду пайвандаки тобеъкунанда, ки яке ҳатман барзиёду нозарур аст, аз куҷо пайдо шудаанд? Агар ба ҷойи таркиби «ки ў» калимаи дигаре (масалан, «яқин», «дигар»…) бошад, «коф»-и оғози сатри дуюм барҷост, вагарна сарбориву бемаъност.

пешина
аз 323
навбатӣ