Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Ҳар қадар ки китобати дастхат мушкил, тоқатфарсову ҷонфарсо ва ҳамзамон коре эҷодиву лаззатбахшост, баргардони он ҳам (дар айни ҳол – аз хати форсӣ ба хати русӣ) як амали бисёр пурмасъулият, сабрталаб ва андешахоҳ аст.
Ҳангоми баргардон ба гирдоби муаммоҳо афтодан, мафтуни тасвиру образу маъниофариниҳо шудану оламро фаромўш кардан, ҷойи калимаву таркибе ҳамоҳанг ё шабеҳи онҳоро аз ёд рўйи коғаз овардан аз эҳтимол дур нест. Банда тасаввур мекунад, ки айни китобат ё баргардони сатри зерин бо нусхабардор ё мураттиб ҳамин ҳолат рух додааст:
«Гў: – Дар байни кўҳи ғами ў маро бубин…». Муҳиту таассурот чандон таъсирбахшо буда, ки ба ҷойи «миёни» калимаи ҳаммаънои он рўйи сафҳа омада ва, агар вазнро хароб намекард, табдилаш шояд эҳсос ҳам намешуд!
Ё худ, дар ин байт:

Гуфтам: – Эй Лайлӣ, туро зулфи мусалсал чист? Гуфт:
«Нест ин занҷири дилҳое, ки Маҷнуни мананд».

Булаҷаб саволу ҷавобе, ки пурсиш бепосух мондааст.
Саволи мантиқие ба миён меояд, ки «агар зулфи мусалсал занҷири дилҳое, ки Маҷнуни Лайлианд, набошад», пас чист? Ҷавоби мантиқии ин савол як аст: «Ҳаст ин занҷири дилҳое, ки Маҷнуни мананд!».
Низ дар ин сатрҳо, ки барои ҳамқофияи ғазал шудани байт ва бо тақозои ибораи раҳнамои «бигир кишвари дилро» бояд қофияашро (дар дастхат «оламгир» ҳам бошад) «кишваргир» кард.

Бигир кишвари дилро зи хайли нафсу ҳаво,
Ки оҷизанд аз ин хусравони оламгир.

Омилҳои солимии шеър зиёданд ва агар яке риоя нашавад, кулли онҳо аз байн мераванд. Дар байти зерин муроот нашудани шахсу замони феъл вазнро хароб кардааст:

пешина
аз 323
навбатӣ