Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

мухотаб гум шудааст ва маълум нест, ки шоир бо кӣ ҳарф мезанад. Ҳол он ки мухотаб худи шоир аст ва зикри ў имкон медиҳад, ки сатрро саҳеҳ кунем: «Гар ёр нашуд ёр, Биноӣ, ба раҳи ишқ …».
Дар ғазале омадааст:

Аз лаъли лабат бувад муродам,
Уммеди маро Худо барорад.
Маҳрумии он бувад муродаш,
Чун даст пайи дуо барорад.
Ҳар гаҳ ки чу лола рух фурўзад,
Дуд аз дили мубтало барорад.

Аз байти охир (ва кулли ғазал) бармеояд, ки манзур маъшуқаи ғоиб аст, аз ин рў, бояд «лабат» «лабаш» ва «он» ё «мо» ё «ман» бошад.

Мўшикофони маонӣ, ки ба таҳқири рамуз
Ногирифта сабақ аз ҳеҷ адиб устоданд.

Бедалел ҳам равшан аст, ки «таҳқири рамуз» маънӣ надорад (дар дастхат ҳамин хел ҳам бошад), аммо агар ибораи рамузкушои «мўшикофони маонӣ»-ро далел биёрем, «таҳқиқи рамуз» бешак мешавад.

Пову саре чу нест ҷаҳонро, агар ниҳӣ
Сар дар ҷаҳони бе сару пое чӣ мешавад?

Зоҳиран ғалате надорад, лекин… баён шоирона нест.
Мақсад «ҷаҳони бе сару по» не, «ҷаҳони бесарупойӣ»-ст, ки батамом ҷаҳони дигар аст. Ва агар «ҷаҳони бе сару по»
ҷаҳони моддӣ бошад, «ҷаҳони бесарупойӣ» ҷаҳони хаёлии маънавист ва ҳадафи шоир маҳз ҳамин ҷаҳони волотар ва маънии баландтар аст.

пешина
аз 323
навбатӣ