Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Дар мисраъҳои «Сим бигдохта бар нуқраи хомаш нигаред» ва «Ба ишқ дил натавонад касе чу ман ҷон дод»
ибораҳои изофии «сими бигдохта» ва «ишқи дил» ғалат бозхонӣ шудаанд.
Дар сатри «Ба ҷаврам гар кушӣ, ҳошо, к-аз олам ҳеҷ ғам бошад» сактаи вазн («к-аз (ъ) олам») аён аст. Мақсад вожаи «ҷавр» аст, ки дар ҷумлаи дуюм ҳам бояд зикр бишавад ва, гумон мекунем, ки он дар сурати «онам» (ба ҷойи «олам») бошад.

Лаби майгун шароболуда меоиву меарзад,
Дили бесабри ман бар тавбаи беустувори худ.

«Ба тавба арзидани дил» маънӣ дорад, лекин барҷо ва дархури ин маврид нест, аз ин рў, чӣ ҷойи шубҳа, ки манзури шоир ба ноустувории тавба «ларзидан»-и дили бесабр аст, яъне, «Лаби майгун шароболуда меоиву меларзад…».
Ибораҳои бисёр маъмули адабиёти классикӣ ғалат пешниҳод шудаанд ва сабаб шабоҳаташон ба таркибҳои имрўзист. Аз ҷумла, бе ягон кўшиши дарки таъбири машҳури «куҳли биноӣ» (сурма) борҳо ибораи содаву бебунёду бемаънои «кўҳи биноӣ», ҳатто «кўҳи Биноӣ» рўйи коғаз омадааст.

Баноӣ то ҳилолабру ў дид,
Зи хиҷлат рафту моҳе барнаёмад.

Манзур «ҳилолабру», яъне маъшуқа нест, «абруи ҳилол»- и ўст, ки ба тақозои вазн ва имкониятҳои сухани манзум баръакс – «ҳилол абру» омадааст ва, бо иловаи изофа шакли «ҳилол абруи ў»-ро гирифта, ба асли хеш мерасад.
Дар байти:

Гар ёр нашуд ёри Баноӣ ба раҳи ишқ,
Мардона қадам неҳ, ки Худо ёри ту бошад

пешина
аз 323
навбатӣ