МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Ин чор ҷумла пайвастаи ҳаманд ва мубтадову хабари сарҷумлаҳояшон аз назари шахсу замон бояд мувофиқ бошанд. «Ҷўям» – мегўяд шоир дар сатри аввал ва мантиқан дар сатри дуюм бояд «бинам» бигўяд. Вале чаро «дидам»? Барои чӣ он як замони ҳозираи бардавому ин як замони гузаштаи мутлақ? Пас, бояд ё «ҷўям» «ҷустам» бишавад, ё «дидам» – «бинам».
Дил зи дасти ғам ба афғон шуд сўйи он шоҳи ҳусн,
Додхоҳӣ ҷониби султон барои дод рафт.
Ҳарчанд сатри аввал ҳам бесакта нест («сўйи» – «суи»), сухан аз мисраи сонист, ки зоҳиран иллате надорад. Лекин оё хато нест? Магар «додхоҳӣ», ки худ амал аст, «барои дод рафта» матавонад? Дар асоси ин андеша ин калима бояд шахс бошад, яъне «додхоҳе», ки «барои дод» меравад.
Баҳору боғи туро навбаҳор мебоист,
Баҳору боғи ман он гулузор мебоист.
«Баҳору боғи туро» – омадааст дар мисраи аввал ва аз назари савту шаклу маъно он дар сатри дуюм бо ифодаи ҳамвазн бояд акси хешро биёбад. Яъне, «Баҳору боғи маро гулузор мебоист». Манзури шоир ину «он гулузор» не, балки ягона гулузори дили ўст ва дар ин маврид «он» ё «ин» зиёдатист.
Гуфтамаш: – Мискин Баноӣ чора меҷўяд зи ту,
Гуфт: – Ин мискин чӣ меҷўяд, аҷаб девона аст.
Бешак, ин «девона» «бечора» аст ва барои исботи ин ду далели рўшан дорем: аввалан – қофияҳои кулли ғазал, сониян – калимаи «чора» дар сатри аввали мақтаъ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё