Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Акнун, ки асири нафаси нофармонам,
Дар олами боду хок саргардонам.

Дар саҳифаи 89 пайиҳам овардани ду рубоӣ, ки қаринаи якдигар буданашон аён аст, зарурат надошт.
Ҳама чизе, ки зикр кардем, норасоиҳое буданд ба зўри фаҳми хонанда ислоҳпазир. Вале чанд мисрае дучор омаданд, ки бе матни асл фаҳму даркашон имконнопазир аст:
«Гар адл кунӣ, бираҷаҳонат хонанд», «Ё кард сабо шиққу диққе аз хуршед».
Калимаҳои ғалат, аз қабили «гўянд» ба ҷойи «гўяд», «аёми» ба ҷойи «айёми», «ашк олуда» ба ҷойи «ашколуда», «аввал қадам» ба ҷойи «аввалқадам» ва ғайра, хатоҳое дар матни форсӣ, аломатҳои нобарҷо ва ё афтода ҳам ҳусни чунин китоби хубро костаанд.
Умед мекунем, ки ғалатҳои зикршуда дар нашри навин ислоҳ мешаванд ва китоби хондании таронаҳои рўҳбахшу дилангез ба дасти хонанда мерасад.

1986

пешина
аз 323
навбатӣ