Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

РАВОН МАГЗАР ЗИ ҲАР САТРАШ ЧУ ХОМА…

Адабиёти ҳазорсолаи классикии тоҷику форс баҳри бекаронест, ки дуру гуҳарҳои бешумору пурқиматеро нуҳуфта дорад. Муҳаққиқони он, чун ғаввосони моҳиру ҷонфидо, дил ба дарё зада, пайваста баҳри мо, ташнагони ҳарфу маънӣ, дурдонаҳои пурбаҳое пешкаш мекунанд.
Солҳои охир натанҳо китобҳои мукаммалтаре аз осори бисёр шоирони номӣ ба табъ расид, балки маҷмўаҳое аз шеъри шоирони дар доираи васеи хонандагон номаъруф низ пешкаши дўстдорони адабиёт гардид. Ин, бешубҳа, хидмати бузургтар ва лоиқи сипосу қадрдониҳои фаровон аст.
Вале дар ин маврид як нуктаро, ки то ҳол танҳо нисбат ба маҳсулоти моддӣ истифода мешавад, набояд фаромўш кард. Яъне, оё дар ҷараёни нашри осори классикони адабиётамон баъзан миқдор бар сифат боло намегирад?
Мо ҳам тарафдори онем, ки асарҳои аҷдоди бузургамон ҳарчи бештар ба табъ бирасанд. ҲамА мехоҳад, ки «Шоҳнома»-ву «Маснавӣ» барин шоҳкориҳои адабиёти дунё рафи китоб ва дунёи ақлу дилашро рўшан бидорад.
Лекин мабодо ки аз пайи номгў шуда, гиромидошти воқеии номи бузургонамонро фаромўш бикунем.
Камоли Хуҷандӣ аз он зодагони барўманди диёри мост, ки осораш то ҳол каму беш дастраси доираи васеи хонандагон буд. Толибилмон ҳанўз дар мактаб бо ҳаёту эҷоди ў ошно шуда, тавассути ғазалҳои равону забони ширини модарӣ як умр дўсташ медоранд.
Инак, мухлисони осори Камол соҳиби девони дуҷилдаи ғазалиёти ўянд (Камоли Хуҷандӣ. Девон (иборат аз ду ҷилд).
Ба чоп тайёркунандагон: Шарифҷон Ҳусейнзода, Назира Қаҳҳорова, Саъдулло Асадуллоев. Муҳаррир Қутбӣ Киром).
«Марҳабо ба чаманистони ишқу умедҳо» – омадааст дар шиносномаи девон. Ва мо, муташаккир аз марҳамати мурат-

пешина
аз 323
навбатӣ