МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
«Ҳамчун паланги тирхўрда» – омадааст дар мисраи аввал.
Пас бояд ибораи сонӣ муносибу мутаносиби он «чун шери дар зиндон» бошад, зеро ҳар ду аъзои чидаи як ҷумлаанд ва бояд дар як қолаб, ҳамшаклу мувофиқ биёянд.
Бобо Тоҳир таронае дорад бисёр машҳур бо нахуст мисраи «Диле дорам чу мурғи паршикаста». Дар китоби мавриди назар ба ҷойи «паршикаста» «пошикаста» омадааст, ки беҳтар нест. Пошикастагӣ куҷосту паршикастагӣ куҷо! Бахусус, дар он ҷое, ки мурғ асту хаёли парвоз…
Рубоии дигар низ хеле сари забонҳост ва дар мисраи охири он – «Саҳар оям, мазораш баста бинам» – шояд «мағор» буда, чунки «мазор бастан» қобили қабул бошад ҳам, хеле содаву ношоирона аст.
Дар рубоиёти Бобо Афзал низ норасоиҳо роҳ ёфтаанд:
Эй сўхта аз доғи ҷудоӣ моро,
Бинмуда тариқи бевафоӣ моро,
Чун офияти кор ҷудоӣ будаст,
Эй кош набудӣ ошноӣ моро.
Маълум аст, ки ба назар нагирифтани қаробати навишти вожаҳову эҳтимоли афтодани нуқтаҳои «қоф» ва «бо» сабаби ин ғалаткорӣ шуда, яъне, мутобиқи мантиқи матн оғози кор ошноӣ будааст, «оқибати кор» – ҷудоӣ.
Азбаски дастхат зери даст нест, метавон шаклҳои бенуқси сатри «Он дил, ки зи меҳру кин бубрид, куҷост?»-ро тахмин кард: «Он дил, ки зи меҳру кина бубрид, куҷост?» ё «Он дил, ки зи кину меҳр бубрид, куҷост?».
Дар мисраи «Аз шабнами ишқ хоки одам гул шуд» калимаи «гул» нобарҷост. Сухан аз «гил» (гили одам) меравад, ки вожаи «шабнам» ва мисраи сонӣ – «Сад фитнаву шўр дар ҷаҳон ҳосил шуд» ба он далолат доранд.
Дар байти зерин бисёр равшан аст, ки ҳамсонии вожаҳои «нафс»-у «нафас» дар хати ниёгон ва сарфи назар шудани мантиқ вазну мазмунро халалдор кардааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё