МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
даст додааст, ки таронаҳои равону шевои Бобо Тоҳирро ҳарчи дилрас пешкаши хонанда намояд. Бо вуҷуди ин, чанд носаҳеҳӣ ба чашм расид.
Яке ин аст:
Ба рўйи дилбаре гар моиластам,
Макун манъам, гирифтори диластам,
Худоро, сорбон оҳиста мерон,
Ки му во мондаӣ ин қофиластам.
Аён аст, ки калимаҳои охири мисраъҳо (қофияҳову радиф) бояд ба шакли «моил астам», «дил астам», «қофиластам» биёянд. Мисраи чорум низ дар ин шаклаш саҳеҳ нест ва мебоист «Ки му вомондаи ин қофиластам» сабт мешуд.
Ё худ:
Намедонам, ки розам во кӣ вожам,
Ғами сўзу гудозамро кӣ вожам.
Чи вожам, ҳар ки зуна бингара фош,
Дигар розу ниёзам во кӣ вожам?
Бо риояи мазмун ва қофияи солими дубайтӣ, ки як шарти асолати он аст, мисраи дуюмро ин тавр овардан мақбул аст: «Ғами сўзу гудозам во кӣ вожам?». Ин шакл аз он ҷиҳат ҳам бояд саҳеҳ бошад, ки «ғами сўзу гудозамро кӣ гўям» худ ғалат аст. Ғайр аз ин, агар дар назар бидорем, ки таронаҳои Бобо Тоҳири Урён даҳан ба даҳан паҳн шудаанд, дар нусхае ба тарзи фавқ таҳриф ёфтанаш боиси тааҷҷуб нест. Таронаи дигар:
Гаҳе ҳамчун паланги тирхўрда,
Гаҳе чун шер дар занҷир нолам.
Дар ин байт зоҳиран ҳама чиз барҷост. Вале, чун дақиқтар бубинем, як чизро пай бурдан душвор нест.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё