Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Мисраи аввал сакта дорад. Ба тақозои вазну мантиқ бояд чунин бошад: «Дар баҳри яқин, ки дори таҳқиқи басест…». Сактаи вазни сатри сеюмро ҳам муайяну бартараф кардан душвор нест: «гўш садафи ҳалқаи чашмест». Кадом гўш? Сухан аз баҳр аст, пас таносуб ку? Дар асоси ин андешаҳо асли мисраъ бояд ин хел баргардон мешуд: «Ҳар гўши садаф (ё гўшсадаф) ҳалқаи чашмест пуроб». Воқеан, садафи баҳрӣ, ки ба гўш монанд аст, ба ҳалқаи чашм ҳам шабоҳат дорад ва ба чашми пуроб ташбеҳ додани он беоқибатии дунёро пурашку пуралам бозгў кардааст.
Ҳангоми баргардони рубоии дигар низ мазмун аз мадди назар афтодааст:

Тарсанда аз онам, ки агар бар дастат
Ман кушта шавам, ки узри дастат хоҳад.

Шубҳае нест, ки пайвандаки тобеи мисраи дувум бояд бандакҷонишини саволии «кӣ» бошад.
Дар рубоии зерин табдили як ҳарф чи коре карда:

Гуфтам ки дилам. Гуфт: – Кабобе кам гир.
Гуфтам: – Чашмам, гуфт: Саробе кам гир,
Гуфтам: – Ҷонам. Гуфт, ки дар олами ишқ
Бисьёр хароб аст, харобӣ кам гир!

Аз рўйи мантиқи гуфтугузоре, ки дар байти дувум аст, «харобӣ» ба «ҷонам» дахл дорад. Бинобар ин, ҷон, ки яктост, бечора ва хароб (на «харобӣ») аст, ба тақозо ва мутаносиби он дар мисраи сонӣ бояд «харобе» навишта шавад.
Яъне, дар олами ишқ, ки пур аз хароб аст, харобе чӣ моҳият дорад?!
Қисмати дигари китоб – таронаҳои Бобо Тоҳири Урён, тавре ки маълум аст ва мураттиб ҳам хотиррасон мекунад, ба шева таълиф шудааст. Бино бар ин, баргардони ин қисмат бояд душвортар бошад. Хушбахтона, мураттибро

пешина
аз 323
навбатӣ