МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Мақтаи ҳамин ғазалро мехонем:
Сар дар раҳи ў бинеҳ, Баноӣ,
К-ин Тур тариқи сар ба роҳест.
Биёед, асли байтро (ба хати хеле зебову аз он фиреботари форсӣ) тасаввур бикунему бо назардошти мантиқу таносуб аз нав бихонем:
Сар дар раҳи ў бинеҳ, Биноӣ,
К-ин тўр тариқи сарбароҳист.
Шоир рўшану фаҳмо гуфтааст, ки тариқи сарбароҳӣ (вафо, сидқ…) ин тўр – ин тавр (روط), яъне сар дар раҳи ёр ниҳодан аст, вассалом. Чӣ нисбат дорад ба ин ифодаи равону сода «Тур» – «Тўр» (روت), ки ҳам навишташ дигар асту ҳам бо маъноангезиву эҳсосангезии дур аз мундариҷаи ғазал ҳуши хонандаро дур мебараду миёни дарки маъниро мешиканад?
Шеъри солим сохтори аҷиби ҷузъ-ҷузъ ба ҳам пайвастаест, ки агар ҷузъиёти хурдтаринаш халал биёбад, ҳусну шаҳоматаш барҳам мехўрад. Лекин аҷобати бештараш он аст, ки аз ҷузъи кўчактарин метавон ҳусну шаҳомати онро барқарор кард. Барои ин барқароркунанда бояд аз унсурҳои азаливу абадии шеър – вазну қофия, мантиқу таносуб, маънои баланду ифодаи дилписанд сарфи назар накунад. Бигирем ин байтро:
Дар ҳарими васли ў, эй дил, чу натвон роҳ ёфт,
Он бувад беҳтар, ки ҳам дар кунҷи хазон хў кунам.
Гўши касе, ки як умр шеър хондаву бо каломи мавзун сари кор дорад, ҳамоно натанҳо ноҷўрии вазн, балки номутаносибии каломро дар сатри дуюм эҳсос мекунад. Ва калидкалимае, ки асрори ин номавзунии савтию маъноиро мекушояд, «васл» аст. Шоир ба васл роҳ наёфтааст, пас чӣ мемонад – албатта, «хазон» не, «ҳиҷрон».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё