Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Рўзи умри ман ба охир мерасад з-он офтоб
В-арна дар чашмам чаро ашки шафақ чун зоҳир аст?

Ифодаи сатри дуюм ғалат аст ва бояд калима ё иборае на чунон бошад, ки омадааст, вагарна «чаро ашки шафақ чун зоҳир аст?» маъное надорад. Рўз ба охир мерасад, офтоб мешинад, шафақ гулгун (ё ҳамранги хун) мешавад, аз ғами ботин ва замми мушоҳидаи ин манзара ашки шоир чӣ гуна берун меояд? Албатта, «шафақгун». Мусаллам аст, ки шабоҳати ҳарфҳои «г» ва «ч» ин иштибоҳро ба вуҷуд овардааст.
Чунон ки ҳамшаклии ду вожаи зебои дигар дар хати форсӣ (ҳарчанд ки «хишт» ба «гил» далолат мекунад, на ба «гул») боиси хатои ҳамгун шудааст: «…В-арна ҳаргиз натавон сохт биҳишт аз гулу хишт». Чунон ки ноҳамгунии ду ҳарфи дигар садди «филҳо» шудани «дилҳо» нагаштааст: «Ҷумла филҳо бастаи болои ўст»…
Боз аз иллати ҳуруфе, ки дар хати форсӣ ҳамсон навишта мешаванд: қофияҳои ғазале саропо ба як шакл – «шоҳест», «сиёҳест», «чоҳест», «субҳгоҳест», «гувоҳест», «роҳест» бознавис шудаанд, вале андешаи андак сари маънӣ собит мекунад, ки ин ҳама «шоҳист», «сиёҳист», «чоҳист», «субҳгоҳист», «гувоҳист», «роҳист»-у бас. Ду байташро мисол меорем:

Он хотами лаб нигини шоҳест,
Холи ту бар он нигин сиёҳест…
Хуршед магў, ки аз дили мо,
Як шуълаи оҳи субҳгоҳест.

«Хотами лаб»-ро «нигини кадом як шоҳ» гуфтани шоир мантиқиву бартар аст ё умуман «нигини шоҳӣ»? Хуршедро «шуълаи оҳи як субҳгоҳ» гуфтан хуб аст ё «шуълаи оҳи субҳгоҳӣ», яъне, умуман субҳҳо, тамоми субҳдамҳо? Инсоф, ки дар ин маврид ифодаҳои дувумӣ саҳеҳтару пургунҷоиштаранд.

пешина
аз 323
навбатӣ