МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Низом Қосим
Баски меафтад бар хоки раҳи ў сояам,
Оқибат бо худ мани девонаро дар ҷанг сохт.
Шоир худро хоки раҳи ёраш медонад ва ин шарафро бо касе бахшу қисмат карданӣ нест (яке аз маъниҳои серпаҳлуе, ки чун дар осори Хоҷа Камол, Мавлоно Ҳилолӣ…
дар ашъори Камолиддини Биноӣ ҳам мавқеи хос дорад).
Вале, бубинед, ки бегона не, сояи худаш ба ганҷи ў дастдарозӣ кардаву худро рўйи хоки роҳи дилдори шоир мепартояд ва ўро маҷбур мекунад бо сояи худ, яъне бо худ биситезад! Баъди дарки ин байти зебо мешавад, ки «меафтад»-ро «меафтод» кунем, то вазн ҳам дигар барпой бошад.
Бар сари ман мекашад ҳар дам алифҳо теғи ў,
Гўйӣ ин ҳарфест аз рўзи нахустам сарнавишт.
Чаро «ҳарфест»? Шоир равшан гуфтааст, ки «алифҳо», пас номуайянӣ чаро? Ҷойи шубҳа нест, ки ҷойи он бояд «ҳарф аст» бинависем.
Ғазале дорад китоб бо қофияву радифҳои «бевафо, беҳ аст», «ошно беҳ аст», «баҳо беҳ аст» ва ғайра. Ва якбора:
«Бас к-офтоб бо маҳи рўят мушаббеҳ аст»! Магар ҷойи шак мемонад, ки калимаи зебои «мушобеҳ»-ро, ки ҳамқофияи ибораҳои мазкур аст, чунин хондаанд?
Дил дар ғами ту хун шуду з-он медиҳад нишон,
Хунобаи ғам аст, ки ба рўям чакидааст.
Сактаи вазни сатри дуюм ба ғалатхонӣ далолат мекунад. «Дил дар ғами ту хун шуд, – мегўяд шоир, – ва аз он нишон медиҳад…». Чӣ нишон медиҳад аз хун шудани дили шоир? Посух бояд чизе мушаххас бошад ва он бояд на «хунобаи ғам аст», балки «хунобаи ғамат» бошад, ки ба рўйи шоир чакидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё