МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
Шояд ба хотири шиддати эҳсос шоир дилашро аз дили худ пурсидааст? Ба ин сурат: «Куҷо шуд он дилам, эй дил, ки ғамгусоре дошт?».
Оразат, хўй кард ато дар боғи ҳусн,
Бар гули тар жола мебинам туро.
Сатри аввал, бар замми он ки аз ҷиҳати вазн хароб аст, маъние надорад. Ба имдодамон, аввалан, вазн ва баъдан сатри дуюм мерасад, ки дар таносуб бо он асли сатри аввалро метавон тахмин кард: «Оразат хай карда, то дар боғи ҳусн…». Чеҳраи шукуфони арақшор (хайкарда) ва гули арғувонии зери жола мондаро тасаввур кардед?
Ҳамин аст, ба гумони мо, ҳусну маънии байт.
«Чун кашидам оҳ, рў дарҳам кашад он офтоб…». Чаро хабарҳои ду ҷузъи як ҷумлаи мураккаб замонҳои мухталифро ифода кардаанд? Ё «кашидам» бояд «кашам ман»
бошад, ё «кашад» –«кашид», аммо гумони дуюм ғолибтар аст.
Нест хотамро нигини лаъл, к-аз рашки лабат
Санг зад бар сина чандоне, ки шуд пурхун об.
Вазн, танҳо вазн, албатта, бо назардошти мантиқу таносуби сухан метавонад сактаи мисраи дуюмро бартараф ва мазмуни кулли байтро барқарор бисозад: «Санг зад бар сина чандоне, ки шуд пурхунтар об».
«Хуршеди ман чу оина дар пеши рў гирифт» – манзараи зебоест, лекин «Оташ ба ҷони оина аз рўйи ў гирифт» чӣ маъно дорад? Дар ҳамин шакл – хеҷ, вале агар чун натиҷаи сатри дуюм тасаввуру таҳрираш кунем, ҷузъи зебои байти дилрасе мешавад: «хуршед»-и шоир (ёр) оина ба даст гирифтааст, пас ҷони оина пур аз нур аст, рўшноист, оташ аст, яъне, «Оташ ба ҷонаш оина аз рўйи ў гирифт»!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё