Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Пур аз гавҳари ашк шуд домани ман,
Биё, то нисорат кунам ин шакарро.

Чаро «шакарро»? Чӣ нисбат дорад он ба ҷузъҳои мутаносиби байт – гавҳари ашку доману нисор кардан? Ҳеҷ.
Пас, шубҳае нест, ки аз саҳлангории котиб, ки занҷири мантиқии «гавҳар», «ашк», «доман» ва «нисор»-ро нобарҷо шикастааст, вожаи «гуҳарро» ба ин шакли номақбул афтода. Агар биафзоем, ки калимаи «шакарро»
дар ин ғазал ҷуз мавриди мазкур боз ду бор ба сифати қофия омадааст, ин гумон қариб яқин мешавад.

Афсона баҳри хоб бувад, лек меравад
Хоби касе, ки бишнавад афсонаи маро.

«Рафтани хоб» хато нест, вале ба ҳамон дараҷа маъмул ҳам нест, одатан «паридани хоб» мегўянд. Тахмин меравад, ки тағйири вожаи «мепарад» бо «меравад» натиҷаи шитобзадагии котиби девон бошад.

Мани гирён равам сўйи дараш, дарди дил оғозам,
Чу соиле, ки аз аҳволи худ беруни дар гўяд.

Калимаҳои таъкидшуда вазнро халалдор кардаанд, чун ҳар ду ҳам кашида намешаванд. Дар доираи вазну мазмун варианти зеринро пешниҳод кардан мумкин аст:
«Чу он соил, ки аз аҳволи худ берун зи дар гўяд».
Вазну таносуби ҳазфи дигарро ҳам ба тахмин барқарор кардан имкон дорад:

Куҷо шуд он дилам, ёри ғамгусоре дошт,
Ба ҳар ғаме, ки бад-ў мерасид, ёре дошт.

пешина
аз 323
навбатӣ