Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Ҳолати афтодани ҷузъи калима боз ҳам рух додааст,
ки сабабаш шояд ҳамоно фарсудагии дастхат бошад. Аммо ин ҳолат ба андешаи амиқтаре низ водор мекунад:

Касе, ки дар хами чавгони ўст чу гўй,
Аҷаб, ки сар ба саломат ба ҳеҷ ҳол барад.

Агар «чу»-ро «ҳамчун» бихонем, вазн барқарор мешавад ва маъно ҳам осеб намебинад. Лекин барои боз ҳам аёнтар шудани тасвир тахмин кардан имкон дорад, ки калимаи дигаре аз ин сатр афтодааст ва онро бо ёрии ҳамдами ҷудоинопазири шеър – ҳазрати таносуб барқарор мекунем: «Касе, ки дар хами чавгони зулфи ўст чу гўй…». Дар ин маврид таносуби шоистаи «сар»-у «зулф» ҳам барқарор ва бунёди шеърияти байт устувортар мешавад.
Шоир бисёр манзараҳо, ҳолатҳо, рўҳияҳоро зебову дилрас тасвир мекунад ва кайфияти сухани ў, албатта, ҳамон вақте даст медиҳад, ки шеър якдаст бошад, яъне беғалат хондаву шунидаву истиқбол бишавад. На чун дар мавриди байти зерин:

Ту ба раҳ равону халқе ба назораат шитобон,
Ба ҳавас чу рўстае ба ҳавои шоҳ дидан.

«Рўстае»? Чист он – рустанӣ? Магар дар ҳамин шаклу вазн навишта мешавад он? Ва оё дар ин мавқеъ барҷост?..
Манзараро тасаввур мекунем: ёр дар роҳ равон аст, мардум ҳама – шитобон, ки як назар бубинандаш, аз вуҷуди эшон ҳавас метаровад; кӣ аз дидани шоҳ ба чунин ҳолат меафтад? – Албатта, касе, ки ҳаргиз ўро надидаасту умре дар орзуи дидораш аст. Рустоист ў, ки ҳам чунин шоҳро нодида аст ва ҳам чунин содиқу самимӣ! Ва, чи ҷойи шубҳа, ки «рўстае» «рўстоӣ»»-ст! (Ин вожа дар шеъри

пешина
аз 323
навбатӣ