Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Суҳбати зоҳид, Биноӣ, тира месозад туро,
Тарки зоҳид гиру дил аз бодаи равшан магир.

Ба ҳолати дигари ҳазфи калима мерасем:

Агарна оразат об аст, бигў, ки чарост
Бинои сабри Баноӣ хароб аз он ораз?

Тахмини ин ҷониб дар мавриди харобии сатри аввал бар калимаи «пас» қарор гирифт, яъне, «Агар на оразат об аст, пас бигў, ки чарост…».

Ғам ҳар ҷо, ки дармонад, фитад дар ҷустуҷўйи ман…

Манзури шоир ғами абстракт не, ғами ёри худаш аст, аз ин рў, шубҳае нест, ки аз фарсудагии дастхат аз калимаи «ғамат» танҳо «ғам» мондааст.

Шуд он парӣ сўйи об аз барои шустани ман,
Баноӣ аз ў дасти худ зи ҷон шўён.

Дар ин ҷо ҳам вазн хароб шудаву ҳам мантиқ ва ҳам таносуб. Дар ин шакл омадани калимаи «сўйи» вазнро халалдор мекунад, «шустани ман» нобарҷову бемаъност, калимае аз сатри дуюм афтодааст… «Он парӣ шуд», яъне, омад – мегўяд шоир, аз ин дарёфтан ғалат набудагист, ки калимаи ҳазфшуда аксулмаънои он – «рафт» аст; дар мисраи сонӣ вожаи «ҷон» зикр шудааст, ки ҳаргиз муҷарраду беҳадаф нест, он ҳам мутаносиби хешро мехоҳад. Ва натиҷа ин мешавад:

Шуд он парӣ суйи об аз барои шустани тан,
Биноӣ рафт аз ў, дасти худ зи ҷон шўён.

пешина
аз 323
навбатӣ