Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

аз ҳар ҷиҳат бояд онҳо мувофиқи ҳам бошанд. Бо ин андешаҳо ба хулосае мерасем, ки калимаи «он» «онам» аст.

Ваъдаи қатлам ба фардо афканад ҳар рўзу ман
Чун равам ба фардои дигар меафканад.

Ёр ваъдабозӣ мекунад, ки фардо биёву фардои дигар ва ошиқ рўзи ваъдагӣ бо умед куҷо меравад? Албатта, «пеши ёр»: «Чун равам пешаш, ба фардои дигар меафканад».

Ҳайрат макун аз ҷилвагарон бар сари минбар,
К-аз ҳиммати дун монда дар бодия пастанд.

Тибқи раҳнамоии мантиқу таносуб ва, албатта, вазни шеър, калимаи афтода, бешубҳа, «ин» аст, яъне, «дар ин бодия» ва «ин бодия» кадом аст, дар сатри аввал омадааст – сари минбар. Дар натиҷа байти солим бо ҳама зебоӣ пеши чашми дарку тасаввур ба ҷилва меояд: азбазки воизон ҳиммати паст («дун») доранд, дар баландӣ («сари минбар») ҳам пастанд!

Саргаштаам дар оина, к-ў рў ба рўйи туст,
Хун мехўрам зи ҷом, ки бар лаби ту монд.

Оина рў ба рўйи ёри шоир аст, ҷом… албатта, лаб бар лаб! Яъне, агар «лаб»-и ҷомро ба «лаби ёр» бимонем, ин байти зебо комил мешавад. Тахмин меравад, ки ибораи «дар оина» ҳам дигар, шояд «аз оина» бошад ва ибораи «зи ҷом» ин тахминро тақвият мебахшад.

Суҳбати зоҳид, Баноӣ, тира месозад туро,
Тарҳи зоҳид гиру аз бодаи равшан магир.

Ҳамдамии тирадил шоирро, ки саропо дил аст, тира месозад, аз ин рў, даъват мекунад ў, ки барои равшании дил варо тарк гўяду бодаи равшанро не. Ва тасҳеҳ чунин мешавад:

пешина
аз 323
навбатӣ