МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.
Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа
Меҳру сеҳри шеър
лони китобро тадқиқу таҳқиқи бештаре мебоист.
Дар мисраи дуюми байти зерин низ норасоии мантиқию савтие эҳсос мешавад, ки ҳеҷ созгори шеъри классикӣ нест ва тасҳеҳи мураттиб ҳам ин ҳолатро бартараф карда натавонистааст:
Ҳасуд нақли хато гар кунад, аз ў машнав,
Ки ҳайф аз ту (бувад) гўш бар хато карда.
Ин ғазал дар сафҳаҳои гуногуни китоб ду бор чоп шуда ва, мутаассифона, ҳар ду пурғалату тасҳеҳталабанд.
Оре, ҳарчанд мураттиби шодравон дар мавридҳои зиёде муваффақона ба барқарор кардани мусаҳҳаф кўшидааст, ҷойи таассуф аст, ки ҳангоми омодаи нашр намудан ё ба чоп додани китоб боз аз бисёр байту мисраъҳо калимаву ибораҳо афтода, вазну қофия, мантиқу таносуб ва маънову муҳтавои ғазалҳоро халалдор кардаанд.
Баноӣ, ончунон ҳайрони он парӣ гаштам,
Ки чашми мардум аз ҳар гўшае ҳайрони ман бошад.
Вазни хароби сатри якум водорамон мекунад, ки пайи дарёфти мусаҳҳаф бошем ва аз шарофати қоидаи таносуб онро, ки дар сатри сонӣ такрор шудааст, биёбем: «чашм».
Яъне, «Биноӣ, ончунон ҳайрони чашми он парӣ гаштам…».
Аз он ҳоли мастӣ чок дар пероҳан андозад,
Ки чоке ончунон дар ҷомаи ҷони ман андозад.
«Ҳоли мастӣ» худ ҳам метавонад «чок дар пероҳан андозад», вале дар он маврид «ёр», ки ҳарчанд бо калимае ифода нашудааст, дар ҳар ду мисраъ ҳузур дорад, «бекор»
мемонад. Маҳз ўст, ки «дар ҳоли мастӣ чок дар пероҳан андозад». Мисраи аввал сабаб асту сатри сонӣ – натиҷа ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё