Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Низом Қосим

Ё худ, дар дастнавис матлаи ғазале ба ин шакл омада будааст:

Саманди ноз ҷавлон дод бар ман сарвинози ман,
Нишони наъли ў мондаст бар тан доғҳои ман.

Мураттиб дар доираи вазну қофия ба ҷойи калимаи «сарвиноз» вожаи «дилрабо»-ро овардааст, ки ба асолати он далолат мекунад.
Мутаассифона, на дар ҳама мавридҳои китоби зери даст ин ҳолатҳои хурсандибахшо даст додаанд. Рў меорем ба мисолҳо:

Дур аз он лаб гар суроҳивор хун гирям (зи ғам),
К-аз хаёлаш дида пурхун аст ҳамчун соғарам.

Мураттиб бо иловаи хеш танҳо вазнро барқарор кардааст, ки дар ин маврид кофӣ нест. Байти фавқ аз як ҷумлаи мураккаби тобеъ иборат буда, бояд ду ҷумлаи содаи комил дошта бошад ва пайвандаки тобеъкунандаи «ки» ба вобастаи ҷумлаи (мисраи) якум будани ҷумлаи (мисраи) дуюм далолат мекунад. Ибораи «зи ғам» ба сохту мантиқу маънои ҷумла созгор нест, пас бояд мусаҳҳафи (калимаву ибораҳои афтода ва ё кўршуда) мисраи аввал на он, балки калимаи дигар бошад. Бо тақозои мантиқу таносуб метавон тахмин кард, ки он «сазост» ё «сазад» аст.
Мисоли дигар:

Зоҳид, биситон ҷоми маю тарки риё деҳ,
Май нўш, ки аллоҳ латиф (аст) ба сабо деҳ.

Вазну маънои хароби сатри дуюм талқин мекунад, ки
асли ҳол дигар аст ва барои барқарор кардани он масъу-

пешина
аз 323
навбатӣ