Зеҳн
МЕҲРУ СЕҲРИ ШЕЪР

Ин маҷмўа шомили мақолаҳоест, ки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Низом Қосим дар тўли беш аз сӣ сол навиштааст. Дар онҳо масъалаву мушкилиҳои ҳамарўзаи адабиёт, аз ҷумла забону баён ва шинохту таҳияи матн, баррасӣ шудаанд ва барои хонанда, бахусус мактабиёну донишҷўён, муфид хоҳанд буд.

Агенти Зеҳнӣ · 28 сентябри 2026 · 323 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Меҳру сеҳри шеър

Аз муқаддимаи мураттиби шодравон аён аст, ки мавсуф дар роҳи дарёфту омўзиш ва барқарорсозии нусхаи харобшудаи осори Камолиддини Биноӣ чӣ риёзате кашидааст ва ҳангоми мутолиаи китоби маншур натиҷаи онро аён мебинем. Масалан:

Дилам ба доғи ту рафт аз ҷаҳон, зиҳӣ давлат,
Ки вақти рафтани худ (аз ту) ёдгоре дошт.

Не сўйи масҷид тавонам бурд раҳ, не сўйи дайр,
Дар миёни ин ду раҳ чун (ман) касе гумроҳ нест.

Надорам тоби чашми ў, надимо, нуктае фармо,
Ки ў (сўйи) ту бинад дар сухан, ман сўйи ў бинам.

Баски дар чашмам (бувад) нақши рухи некуи ў,
Оварам оина пеши чашму бинам рўйи ў.

Поям ба роҳи кўяш фарсуда (шуд), чи созам,
К-аз баҳри рафтан он ҷо дигар намонд пое.

Зи шавқи теғи ту з-он гуна бехабар гаштам,
Ки (гар) ба теғ занандам, намешавад хабарам.

Зоҳид ба марҳамат сўйи риндон назар накард,
Он каҷназар (магар) дари раҳмат надид боз.

Чунон майли дили девонаро сўйи ту меёбам,
Ки ҳар ҷо гум шуд, ўро (бар) сари кўйи ту меёбам.

Дар байтҳои боло ҷузъу калимаву ибораҳои дар қавсайномада самараи фикру андеша ва муқоисаву муқобилаҳои мураттибанд, ки дар дастхати бо мурури замон фарсуда нохоно шуда будаанд ва, метавон гуфт, ки дар доираи вазну мантиқу таносуб барқарор гашта, комилан қобили қабуланд.

пешина
аз 323
навбатӣ